Дар ноҳияи Рӯдакӣ бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ як бунгоҳи тиббии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бунгоҳи тиббии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд карда шудааст.

Дар маросими ба истифода додани бунгоҳи тиббии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намудаанд.

— Аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сокинони деҳаи мазкурро ба бунёди чунин муассисаи тандурустии хуштарҳу замонавӣ табрик ва муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз ба хотири таъмини солимии шаҳрвандон чунин иншооти замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, имрӯз дар бунгоҳи тиббии мазкур ба 20 нафар кӯдакон амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бунгоҳи тиббӣ аз 7 ҳуҷра, аз қабили ҳуҷраҳои қабул, хатна, эмгузаронӣ, тиби оилавӣ ва ғайра иборат буда, он ҳамзамон бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Тавре зикр мегардад, давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 5 муассисаи дигар аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. То охири соли равон дар ноҳия 3 муассисаи тандурустӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *