Хоҳарон бародари дорои бемории руҳиро ба ҳалокат расониданд (аудио)

Дар шаҳри Панҷакент боз як куштори бераҳмона сурат гирифт. Апаву хоҳар ба таври бераҳмона бародари худро бо корди хоҷагидорӣ ба қатл расонидаанд.

Ҳодиса 17-уми сентябр дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент рух додааст. Дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ хоҳарон Розиқова Маҳкамойи 58-сола ва Розиқова Истодаи 48-сола бародари худ Ёрбой Розиқови 42-соларо бо корди хоҷагидорӣ ба қатл мерасонанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Pressa.tj гуфт, ки мақомоти милитсия аз ин ҳодиса хабар доранд. “Аллакай нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”,- гуфт ӯ.

Бино ба иттилои манобеи огоҳ, Ёрбой Розиқов бемории руҳӣ доштааст. Хоҳарон Маҳкамой ва Истода бевазан будаанд.

Бояд гуфт, ки на танҳо дар шаҳри Панҷакент, балки дар дигар манотиқи кишвар низ чунин ҳодисаҳои куштори бераҳмона ба вуқуъ мепайванданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *