«MeгаФoн Life Фест»: Чӣ тавр ҷавонони тоҷик барои тамоми сол эҳсосоти мусбат пайдо карданд

Рӯзи 24-уми сентябр ипподроми «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба макони таҷаммуъи ҷавонони муосири хушҳол, ки бо табассумҳои худ ба мисли офтоб Душанберо мунаввар гардониданд, табдил ёфт. Сабаби ин хушҳолӣ фестивали навбатие буд, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” баргузор карда шуд ва барои ҳамаи меҳмонон воқеан як ҷашни бузург гардид.

Бино ба иттилои ширкати «МегаФон Тоҷикистон», дар ин чорабинӣ ҳудуди 15 ҳазор меҳмонон ширкат доштанд ва аксари онҳо аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ махсус ба ин ҷашнвора омада буданд.

Аз субҳдам барои шавқовар гузаронидани вақт имконият фароҳам оварда шуда буд: барои кӯдакон барномаи бачагона бо баромади ҳунармандони сирк ташкил карда шуда, наврасони фаъол қувва ва маҳорати худро дар мусобиқаҳои гуногун намоиш доданд. Ба мухлисони чизҳои нав, муосир ва рақамӣ минтақаи технологияҳои баланд писанд омад — дар он ҷо ҷавонон дар пуфҳои мулоим нишаста, фориғ аз кору фаъолият дам гирифтанд ва тавассути Wi-Fi дар шабакаҳои иҷтимоӣ таассуроти худро мубодила карданд. Нафаре бо роботи ҳақиқии дар майдони Hi-Tech ҷойгир кардашуда суҳбат мекард, дигаре бо дӯстон дар киберфазо ҳарбу зарб мебарад.

Дар фестивали «МегаФон Life Фест» ҷавонон метавонистанд бо зиплайн ба поён фаромада, як миқдор (воя) экстрим эҳсос кунанд, ё эҷодиёти худро дар намоиши истеъдодҳо нишон диҳанд. Шарикони «МегаФон Life Фест» низ хеле фаъолона иштирок намуда, барои дилхушии меҳмонон пешниҳод карданд, ки дар мусобиқаҳои «Coca-Cola», «Gorilla» ё фитнес-клуби «X-Fit» ширкат кунанд. Инчунин аз ҷониби намояндагони Хонаи русҳо дар Душанбе тафреҳҳои варзишӣ омода карда шуданд, илова бар ин, онҳо меҳмононро бо чалпакҳо зиёфат карда, барои маҳорати сурудхонии худро дар караоке нишон додан таклиф мекарданд.

Дӯстдорони таомҳои болаззат низ дар канор намонданд: ширкатҳои «Pokiza» ва «Пайкар» барои меҳмонон хӯришҳои ҳасибӣ ва шириниҳо пешниҳод карданд, лимонадҳои ширкати «Mouse» ташнагии меҳмононро шикаста, қаҳваи «Jardin» руҳбаланд менамуд.

Зиёда аз ин, дар ин ҷо на танҳо таомҳои болаззатро чашидан, балки тарзи пухтани онро омӯхтан мумкин буд, зеро ширкати «Мармари» барои ҳамаи хоҳишмандон дарсҳои хӯрокпазӣ баргузор намуда, меҳмононро бо fire-шоу (намоиши хурди оташафрӯзӣ) ба ҳайрат овард.

Барномаи фестивалӣ бо консерт хотима ёфт. Дар аввал дар назди тамошобинон ҳофизони маҳбубу писандидаи тоҷик, ки ҳамакнун шуҳрат пайдо карда истодаанд ва ҳам аллакай сазовори муҳаббати мухлисон гардидаанд, баромад намуданд. Аз ҷумла, Ҳасанов, Некрӯз Ниёзов, The Daze, Ҳасан Мадудов, Corleone, NICKRUZ, Зулайхо Маҳмадшоева, DJ Jova ва DJ Emrejan. Ҳунармандони тоҷик бо баромадҳои даргиронандаи худ тамошобинонро, ки аз фазои фестивал ба ваҷд омада буданд, «тафсониданд» (ба шавқ оварданд). Аз ин рӯ, барои меҳмони асосии ин рӯз — овозхони маъруфи рус Ҷонӣ, тамошобинони тоҷик хушҳол менамуданд ва муҳаббат зоҳир мекарданд.

«Шаби хуш, Тоҷикистон! — тамошобинонро вохӯрдӣ кард Ҷонӣ.- Ташаккур барои чунин пазироии гарм. Ман ба саҳна баромадам ва бо дидани шумоён ҳатто калимаҳои сурудамро фаромӯш кардам, эҳсосоти худамро бо сухан ифода карда наметавонам. Мо дер боз ҳамдигарро надидаем ва ман бениҳоят шодам, ки мо имрӯз вохӯрдем».

Бо интихоби меҳмони асосии фестивал «МегаФон» хато накард ва ба ҷавонони тоҷик писанд омад — тамошобинон ҳар як таронаи Ҷониро бо хушҳолӣ ҳамроҳ месароиданд, мерақсиданд ва таҳти мусиқии лирикӣ дар даст фонусҳоро алвонҷ медоданд.

Аз чеҳраи шоди меҳмонон маълум буд, ки ҷашн нағз гузашт, зеро сарфи назар аз он, ки рӯз ва ин ҷашнвора ба поён расид, эҳсосот ва хотираҳо аз он муддати тӯлонӣ — то фестивали навбатии “МегаФон Тоҷикистон” боқӣ хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *