Дар ноҳияи Рашт ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил карданд
Санаи 27-уми январи соли 2022 дар ноҳияи Рашт ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Бино ба иттилои бахши рушди сайёҳии ноҳияи Рашт, дар ин чорабинӣ аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳунармандон ва кишоварзон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.
— Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ суханронь намуда, ҳозиринро ба ҷашни фархундаи Сада табрик намуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ