Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд

Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди оташбас ва хуруҷи неруҳое, ки қаблан ба далели муноқиша миёни низомиён ва задухӯрд ба марзи ду ҷумҳурӣ ҷалб шуда буданд, ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора шаби ҷумъаи 28-уми январ Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, дар иттилоия омадааст, ки “дар мавриди оташбаси комил, дар бораи хуруҷи ҳар яке аз қувваю воситаҳои ба сарҳад ҷалбкардаи ҷонибҳо, боз намудани роҳи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Бодканд-Исфана тарафҳо ба мувофиқа расиданд».

Илова бар ин, давлатҳои бо ҳам ҳамсоя ба мувофиқа расидаанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз даргириҳои нав дар манотиқи марзӣ муштаракан навбатдорӣ кунанд.

Kp.ru ёдовар мешавад, ки 27-уми январ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон миёни низомиёни ду ҷониб тирпарронӣ ба амал омада, дар натиҷа ҳудуди 17 нафар зарар дидаву як нафар фавтидааст.

Дар ҳамин ҳол, АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишт, ки “дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномёти низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Рӯзи 28-уми январи соли 2022, соати 01:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гуруҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28-уми январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордоштаашон баргардонида шаванд”.

— Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад,- афзудааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *