Дар ноҳияи Спитамен 22 сар чорвои калони шохдорро дуздиданд
Сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар аз қавли ШВКД дар ноҳияи Спитамен хабар медиҳад, ки ду марди тоҷикро бо гумони дуздии 22 сар чорвои калони шохдор дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Спитамен нисбати марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 42-солаи сокини ноҳияи Хуросон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурдагон 17-уми декабри соли 2021 тахминан соати 23:00 бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматии марди 37-солаи сокини ноҳияи Спитамен 22 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тибқи иттилои дастрас, зарари расонидашуда 45 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ