Даргузашти дучархарони 73-сола дар садамаи нақлиётӣ

Мақомоти милитсия аз садамаи нақлиётии маргборе хабар дод, ки бо ҳалокати як пиёдагард анҷом ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода мешавад, 27-уми феврали соли 2022 тахминан соати 15:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Раҳимов Эраҷ Олимҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҳайитқулов Шайқул Ҳайитқулович, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.

Дар натиҷа дучархарон Ҳайитқулов Ш. Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *