Дар номаи пеш аз маргаш Ғиёсиддин чӣ навишта буд?

Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таҳқиқи худкушии  корманди «Амонатбонк» Ғиёсиддин Аюбзода  оғоз шудааст.

Ҷасади ӯро,ки дар Ревад худкушӣ карда буд, дирӯз  рӯзи 5-уми октябр дар зодгоҳаш дафн карданд.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ як рӯз пеш дар ҷойи кор худкушӣ карда, дар номае далели рафторашро ба баҳси пулӣ рабт додааст. Мақомот то ҳол фарзияи худкушии ӯро нагуфтаанд.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин, гуфтааст,ки  «марги ӯ ба моҷарои оилавӣ вобаста набуд, балки ба мушкилоти корӣ пайванд дорад. Дар нома қарзгирии чанд сокини ноҳия зикр шудааст. Онҳо ба номи писарам қарз гирифта, барнагардондаанд.» Хуҷов мегӯяд, пештар дар бораи ин қазия хабар надошт. Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии «Амонатбонк» дар ноҳияи Айнӣ гуфтааст,ки  онҳо низ номаро хондаанд ва дар онҷо гап дар бораи 150 ҳазор сомонӣ меравад.»Овозаҳое, ки гуё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, асос надорад. Дар нома шикоят аз кормандони бонк нест. Он шахсоне, ки маблағи бонкро аз дасти ӯ гирифтаанд, бояд зиёнро барқарор кунанд», гуфтааст ӯ. Ғиёсиддин Аюбзода писари ягонаи хонавода буда, аз ӯ як писару ду духтар мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *