Муаттар Маликова

Дар Олмон Гран-при насиби хонандаи тоҷик шуд

Хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» соҳиби Гран-прии озмун гардидааст.

Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ташкилкунандагони он ба омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова «Сипоснома» тақдим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хонандаи муассисаи мазкур Муаттара Маликова моҳи январи соли равон дар онлайнозмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН-прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *