Шаҳбоз Шариф

Изҳори тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар барқия омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *