Дар  Қонуни радиою телевизион тағйирот ворид  мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  телевизион ва радиошунавонӣ»  тағйиру иоваҳо ворид менамояд.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 8 октябр таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова дар шарҳи масъалаи зикргардида гуфт, ки лоиҳаи  Қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, бартараф кардани ихтилофоти байни санадҳои қонунгузорӣ ва  мутобиқ гардонидани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон аъзои Шӯро масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ва «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» -ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки мақсади ворид намудани тағйирот ба қонунҳои зикршуда мутобиқ гардонидани онҳо  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *