Худкушии арӯсу домод дар Конибодом (Муфассал)

Рӯзҳои 15 ва 16-уми сентябр дар шаҳри Конибодом якбора ду ҷавони зебою босавод худро ба дор овехтанд.

Хабари худкушии ин ду ҷавон дар сар то сари вилояти Суғд сару садо ва овозаю ҳангомаҳои зиёдеро ба миён овард, зеро Карима ва Ҷаҳонгири ғӯрамарг бо ҳам бегона набуда, якуним моҳ боз дар фотиҳа буданд.

Чаро ин ду ҷавони аз сад гул ҳанӯз як гулашон ҳам нашкуфта, ки бояд ба наздикӣ тӯйи арӯсию домодиашон барпо мешуд, ҳалқаи дорро аз тахти бахт авлотар донистанд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо роҳи макони ҳодиса-деҳаи Файзбори ҷамоати Ҳамробоеви Конибодомро пеш гирифтем.

Модари марҳум:

Актриса шудан мехост, вале…

-Духтарам карима аз кӯдакӣ ба омӯхтани илму дониш шавқу ҳаваси зиёд дошт, аз ҳамин хотир мо ӯро ба Русия бурда будем, то ки забони русиро хуб омӯхта, роҳашро дар зиндагӣ мустақилона ёбад. Духтарам то синфи 7 дар яке аз беҳтарин мактабҳои Русия таҳсил карда, баъдан ҳамроҳи аҳли оила ба Ватан баргашт. Дар ин ҷо 2 сол дар мактаби № 2-и ҷамоати Ҳамробоев хонд, баъд ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуд.  Аслан Каримаҷон аз кӯдакӣ мехост актрисаи машҳур шуда дар филмҳо нақш бозад, вале бо сабаби он ки мардуми тоҷик ба ҳунармандон чандон назари нек надоранд, касби омӯзгориро  пеша намуд,-оби дида рехта қисса кард модари Каримаи ҷавонмарг.

Муаллимаи таърифӣ

Аз нақли модар чунин бармеояд, ки бо сабаби то 14-солагӣ дар мактаби руси хонданаш аввалҳои аз Русия баргаштан Карима забони тоҷикро хуб намедонистааст. “Метарсид, ки духтари тоҷик тоҷикиро намедонад гуфта ба ҳолаш механданд ва бо ӯ дӯстӣ намекунанд, вале дили поку забони ширин, ки дошт, ба зудӣ дугонаҳои зиёде пайдо кард. Карима ба духтарҳо забони русиро ёд дода, худаш аз онҳо кам-кам забони тоҷикиро меомӯхт. Зеҳни тез, ки дошт, дар як муддати кӯтоҳ чунон бо тоҷикӣ зебо ҳарф мезадагӣ шуд, ки ногуфтанӣ”,-бо ҳасрат мегӯяд модари зор.

Карима баъди хатми омӯзишгоҳ дар мактаби № 11-и ба номи Пушкин ба ҳайси муаллимаи забони русӣ ба кор даромад. Вай касбашро дӯст медошт ва ба ҷавониаш нигоҳ накарда, яке аз омӯзгорони таърифии ин дабистон буд.

“Ҳар саҳар гул-гул шукуфта роҳ сӯи мактаб пеш мегирифт. Ба назарам чунин менамуд, ки духтарам қадамзанон не, балки парвозкунон ба кор меравад, чунки мактабу шогирдонашро аз ҷон бештар дӯст медошт,-оби дида рехта қисса мекунад ин модари фарзандгумкарда.

Ошиқ надошт, телефонбоз набуд

Аз рӯйи нақли модараш Карима дар Русия таҳсил карда бошад ҳам, духтари телефонбоз набуд ва шаб то саҳар дар шабакаҳои интернетӣ сайр намекард. Аҳли маҳалла ва мактаб Каримаро ҳамчун духтараки боодоб, сарпаст ва бамаънӣ мешинохтанд, зеро на ягон ошиқ дошт ва на шавқу ҳаваси бо ҷавонҳо чақ-чақ кардан. Вай то зарур нашавад ба касе занг намезад ва гӯшаки телефонашро танҳо дар ҳамон ҳолате мебардошт, ки модар ё ягон одами наздикаш ба ӯ занг бизанад, аммо.

23-июл фотеҳа шуданд, аммо….

-Дар муддати як соли кор карданаш овозаи бомаърифат ва хушахлоқ будани духтарам натанҳо дар ҷои кораш, балки дар ҳудуди шаҳр низ паҳн гашт ва инро шунида аз марказ зане ба хонаамон хостгорӣ омад. Талабгорони Карима то ин дам низ кам набуданд, вале духтарам ҳеҷ сар намефаровард. Тақдиру насиб будаасту баъди омадани ҳамон зан Карима розигӣ дод ва мо бо табъи хуш ин ду ҷавонро рӯзи 23-июл фотиҳа кардем. Карима ва Ҷаҳонгир дар байни якуним моҳе, ки дар фотиҳа буданд, бисёр не 2-3 маротиба бо ҳам во хӯрда суҳбат карданд. Духтарам хурсанд буд, тақдир ӯро бо ҷавони хуб ҳамқисмат намудааст ва домодшавандаро таъриф карда мегуфт, ки Ҷаҳонгир бисёр бачаи бамаънӣ, босавод ва хушахлоқ аст, вале…

Домод ба духтари дигар ошиқ будааст…

Ҳангоми ба хостгорӣ омадан волидони Ҷаҳонгир дар бораи духтари дигарро дӯст доштани писарашон ягон бор даҳон накушода буданд. Домодшаванда ҳам ҳафтаҳои аввали фотиҳа шудаашон дар бораи ишқу ошиқиаш даҳон во намекард, вале чанд рӯз пеш аз ин ҳодисаи даҳшатбор ба Карима гуфтааст, ки вай духтари дигарро дӯст медошт, аммо модараш арӯси хушкардаи ӯро қабул накарда, маҷбур кардааст, ки аз баҳри ишқу муҳаббаташ гузарад. Ростӣ, духтарам баъди ин гапро шунидан ғамгин шуд. Чанд рӯз сараш хам бо касе гап намезад, вале баъд Ҷаҳонгир боз ӯро бовар кунонд, ки ҳамааш хуб аст ва ӯ аз он ки Карима барин духтараки боодобро ба занӣ мегирад, хурсанд буда, бесаброна рӯзи тӯйро интизорӣ мекашад. Духтарам дилпур гашт, ки чизе садди роҳи хушбахтии онҳо намегардад ва аз он ки Ҷаҳонгир маҷбурӣ не, бо майли дили хеш бо ӯ издивоҷ мекунад, хурсанд буд, аммо….

Марги пурасрори шаҳбача

-Дар гӯшаю хаёли касе набуд, ки яку якбора, бе ягон сабаб гул барин ҷавоне, ки бояд чанд рӯз пас бо арӯси нозанинаш ба тахти домодӣ нишинад, худашро ба дор меовезад. Вақте хабари худкушии Ҷаҳонгир ба гӯшам расид, бовар кунед, ман ба ҳолати шок афтидам. То дами ба хона омадан як сар доштаму садҳо хаёл. Намедонистам ин хабари нохушро чӣ хел ба духтарам расонам. Аз тарафи дигар, ман нагӯям ҳам, Карима худкушӣ кардани номзадашро албатта аз ягон каси дигар мешунид. Диламро гургон талла мекарданд, ки духтарам ин хабари шумро чи хел қабул мекарда бошад, вале…

Ашк нарехт, рӯю мӯяшро накард, аммо…

Билохира, илоҷе карда бо тарсу ҳарос ин шумхабарро ба духтарам гуфтам. Гумон доштам, ки ҳозир зор-зор гиря мекунад, вале Карима хабари худкушӣ кардани номзадашро чунон сард қабул кард, ки гӯё ягон одами тамоман ношинос мурда бошад. Дар ҷавоб ӯ на ягон даҳон гап зад ва на як қатра ашк рехт. Танҳо китф дарҳам кашида ба хонаи хоби худаш даромад. Оромии ботинии духтарамро дида, мани содда як зарра ҳам  пай набурдам, ки ин оромии пеш аз тӯфон аст. Тӯфоне, ки якбора тамоми ҳаёти оилаи моро такорӯ карда, гул барин духтарамро мерабояд ва моро ба ботлоқи ғаму андӯҳи ҷовидонӣ меафканад…

Сафедпӯшон карда, сиёҳпӯш шудем

Баъди духтарамро аз марги номзадаш хабардор карданд ман ба хонаи падарам рафтам, зеро он ҷо маъракаи сафедпӯшон (дар Суғд баъди додани маъракаҳои мотамӣ сафедпӯшон карда аз азо мебароянд) буд. Аз куҷо медонистам, ки ҳанӯз аз азо набаромада, боз ба азо гирифтор мешавем…

Хулласи калом, Карима баъди маро гусел кардан хонаро хилват ёфта, ба ҳамом даромада худашро ба дор овехтааст…

10 дақиқа дер кардем

Як вақт дилам худ аз худ алов гирифт. Ба апааш гуфтам, ки давида ба хона рав, Карима танҳо буд, бубин, ки чӣ кор карда истодааст. Апааш ба хона рафта ӯро намеёбад. Чанд бор номи Каримаро гирифта фарёд мекунад, вале касе ҷавоб намедиҳад. Ба телефонаш занг мезанад, аммо садои занги телефон аз даруни хона меояд. Ин духтар ба куҷо рафта бошад гӯён, апааш аввал хонаҳо, баъд ошхонаро хабар мегирад, аммо ӯро намеёбад. Баробари кушодани дари ҳамом хоҳарашро дар расан овезон дида, духтари калониам талхакаф мешавад ва дасту по хӯрда, ба ҷойи бандро буридан ба сӯйи хонаи бобояш медавад, то ки моро хабардор созад. Вақте ки мо расида омадем ва Каримаро аз ҳалқаи дор гирифтем, дили духтаракам ҳанӯз метапид, вале ман, ки духтур ҳастам, набзашро санҷида пай бурдам, ки аллакай дер кардем. Қалби Каримаи ноком баъди ба хона даровардан боз 2-3 маротибаи дигар тапиду баъд абадан аз тапидан бозмонд. Аламовараш он буд, ки мо ҳамагӣ 10 дақиқа дер кардем, агар апааш ба хонаи бобояш ба сари ман надавида, аввал бандро мебурид, духтаракам зинда мемонд, вале… Афсӯс, ки тақдирро тадбир карда намешавад,-модари зори Каримаи ҷавонмарг ин суханонро гуфта, чунон бо алам нола мекард, ки дили санг ҳам аз нолаҳои зораш об мешуд…

….шояд аз гапи мардум тарсид….

Модари Карима аз 2-3 бор бо номзадаш во хӯрдани духтар хабардор буд, аз ҳамин хотир барои он ки баъди маргаш дар ҳаққи фарзанди ӯ ҳар хел тӯҳмат бофта руҳашро ноором насозанд, хоҳиш намудааст, ки ҷасадро аз ташхиси судии тиббӣ гузаронанд. Экспиртиза нишон дод, ки духтар бокира ва поку беолоиш аст.

Пас чаро Карима, як духтари босавод ва бо обрӯ даст ба худкушӣ зад? Сабаб шояд гапи мардум бошад. Вай аз он ҳарос дошт, ки баъди марги номзадаш Ҷаҳонгир шиносу ношинос ба сӯйи ӯ ишорат карда “аз рӯйи ҳамин духтар бача худашро дор кашид, чунки онҳоро зӯран хонадор кардан мехостанд” мегӯянд. Маҳз тарс аз овозаю ҳангомаҳои мардуми бе кор, ки ба ҷуз ғайбат кардан дигар шуғле надоранд, ин духтараки гул барин зеборо ба худкушӣ водор намуда, дар дили пайвандонаш доғи абадӣ ниҳод. Доғе, ки дармонаш нест…

dav

Қобилова чӣ мегӯяд?

Гулнора Қобилова, муовини раиси ҷамоат мегӯяд, деҳаи Файзбор каме дуртар аз идораи ҷамоат ҷой гирифтаву тамоми сокинони ин даҳаро онҳо хуб мешиносанд. Раиса аз марги Каримаи ғӯрамарг андуҳгин буда, аз ӯ ҳамчун аз як духтари покдомон ва хушахлоқ ёдоварӣ кард, Қобилова мегӯяд, худкушии ин духтари босавод ва муаллимаи ҷавону ояндадор барои онҳо ғайри интизор ва боиси афсӯс аст.

“Хурду калон баъди дар мактаб ба кор оғоз намуданаш Каримаро таъриф карда, мегуфтанд, ки одобу ахлоқаш намунавӣ аст ва дониши хуб дорад. Вақте хабари худкушӣ карданаш паҳн гашт, лол мондем, ки чаро гул барин духтар бе ягон сабаб ба ҷони худ ҷафо карда бошад? Ягон духтари нодону бетаҷриба ин корро кунад, мегуфтем, ки бесавод буд ва роҳи ҳалли муаммои зиндагиашро наёфта, худкушӣ кардааст, вале ман ҳайронам, ки чаро як одами босавод, соҳиби маълумоти олӣ ва ҷаҳонгашта даст ба худкушӣ задааст….”

Худкушӣ аз нигоҳи ислом

Дини мубини ислом худкуширо амали ҳаром ва зишт меҳисобад. Аз нигоҳи ислом шахсе, ки даст ба худкушӣ задааст, ҳаром мурда ҳисоб шуда, ҷаноза карданаш раво нест. Дар чандин оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ ин маънӣ зикр гаштааст, то ки одамизод аз тарси афтидан ба оташи сӯзони ҷаҳаннам дар лаҳзаҳои душвори ҳаёти хеш низ сар ба ҷайби андеша кашида, қасди ҷони худ нанамояд. Худованд дар Қуръони шариф, дар сураи мубораки Нисо чунин таъкид кардааст: «Ва худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо меҳрубон аст ва ҳар кӣ ин амалро аз рӯи таҷовуз ва ситам анҷом диҳад ба зудӣ ӯро дар оташ ворид хоҳем сохт ва ин кор барои худо осон мебошад.»   Қуръон, сураи Нисо, ояи 29—30

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Конибодом (Файзбор)-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *