Дар пайи моҳигирӣ… Ҷасади як ҷавони 18-солаи Ваҳдат пайдо шуд (аудио)

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карда, ба кормандони милитсия супоридаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, номбурда рӯзи 2-юми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо, тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҷавон замоне дар об ғарқ шудааст, ки дар як макони мамнуъ моҳигирӣ мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми оббозӣ ва ё моҳидорӣ аз маконҳое истифода кунанд, ки иҷозат дода шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *