Ҳисор: Вазорат ба беморхонаи марказӣ мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард

Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ва ғайраҳо ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид.

Бино ба иттилои вазорат, дастрасии мошини мазкур барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шуруъ мешавад.

— Дастрас гардидани мошини нави ёрии таъҷилӣ ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи солимии аҳолии шаҳр буда, аз ҷониби табибон ҷиҳати адои вазифа масъулияти бештарро тақозо мекунад. Масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025 дарҷ гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *