Дар Панҷакент Маркази табобати дандон ба истифода дода шуд
Дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандонро ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Маркази табобати дандон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, ҳуҷраи кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки ин Маркази табобати дандон, ҳамзамон коргоҳи дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкор Исфандиёр Шарифов бунёд карда шудааст ва дар ин ҷо дар маҷмуъ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ