Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан»-ро ҷарима карданд (аудио)

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратию интизомӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан» барои рафтори мухлисонашон ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рафтори номуносиби мухлисон дар “Coca-Cola — чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ” ба миён омадааст.

— Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (барои сангандозии мухлисон ба сӯи довари эҳтиётӣ) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Истаравшан» — «Хатлон» (9-уми апрел), дастаи «Истаравшан» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд. Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (барои мухлисоне, ки пас аз анҷоми бозӣ вориди майдон шуданд ва ба оғози бозӣ дер омадани мошини ёрии таъҷилӣ) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Хуҷанд» — «Равшан»-и Зафаробод (10-уми апрел), тими «Хуҷанд» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *