Дар Панҷакент об намерасад, нуқтаҳои шустушӯро бастанд
Раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент, бо як амрнома фаъолияти тамоми нуқтаҳои мошиншӯиро дар ҳудуди шаҳр муваққатан манъ кардааст. Сабаби ин тасмим танқисии оби нӯшокӣ дар шаҳр гуфта мешавад. Як моҳ боз дар Панҷакент сокинон ба камбуди шадиди оби нӯшокӣ рӯбарӯ шудаанд.
Дар амри раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён, ки таҳти рақами 13 аз 11.07.18 ба тавсиб расидааст, гуфта мешавад, ки бо сабаби норасоии оби нӯшокӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, то санаи 23-юми июли соли равон фаъолияти нуқтаҳои мошиншӯӣ боздошта шавад: «Ба гуруҳи корӣ супорида шавад, ки масъалаи дар шаҳри Панҷакент танқисӣ кашидани мардум аз норасоии оби нӯшокиро ба нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт фаҳмонида, аз санаи 12.07.2018 то 23.07.2018 фаъолияташонро муваққатан дар ҳудуди шаҳр қатъ намояд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба раиси шаҳр ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.”
Ин дар ҳолест, ки зиёда аз як моҳ боз садҳо нафар сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Панҷакент аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида истодаанд. Кор то ба ҷое расида буд, ки Корхонаи обтаъминкунии шаҳр, бо мошинҳо об кашонида, дар назди биноҳои истиқоматӣ ба мардум об тақсим мекард.
Корхонаи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент сабаби норасоии обро дар хушк шудани чашмаҳо ва кам гардидани обҳои зеризаминӣ арзёбӣ намуд.
Вале дар ҳамин ҳол чанд нафар аз кормандони нуқтаҳои мошиншӯӣ дар сӯҳбат ба Ахбор гуфтанд, бастани фаъолияти онҳо ба ҷуз аз зиёни молӣ овардан ба корхонаи онҳо ҳеҷ суде барои сарфаи обу онро ба аҳолӣ расондан надоштааст. Чунки, мегӯянд, онҳо обе ки онҳо истифода мекардаанд, оби захиравии дохили зарфи обнигаҳдорӣ буда, он ҳам хеле сарфакорона тавассусти дастгоҳҳои махсуси замонавӣ истифода карда мешавад.
-Обро на аз ҳисоби нуқтаҳои мошиншӯӣ, балки аз он ҳисобе, ки мардум заминҳояшонро обёрӣ мекунанд, сарфа бояд намуд. Ҳастанд сокиноне, ки бо воситаи оби нӯшокӣ замину боғу ҳотаҳои худро обёрӣ мекунанд ва аз ҳамин ҳисоб, об ба дигарон намерасад. Онҳоро бояд пешгирӣ намуд, — мегӯянд кормандони нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт.
Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент қариб 20 нуқтаи шустушӯи нақлиёт мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо барои фаъолияташан андоз месупурдаанд.
Ин дар ҳолест, ки сокиони Панҷакент дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии об бисёр навиштанду, аксу наворҳои навбату набудани обро ҳам гузошта, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ