Куртаи арӯсӣ кафани Шаҳзода гашт

Дӯстдоштаамро дар садамае, ки ба наздикӣ дар шаҳри Ҳисор рӯй дод, аз даст додам.

Мо дар фотиҳа будем ва аҳду паймон баста будем, ки моҳи август тӯйи зебое ороста, хонадор мешавем. Ҳамон рӯзи наҳс арӯсам бо сад умеду орзу барои харидани куртаҳои арӯсиаш ба бозор рафта буд, вале садамаи сархӯр риштаи умри ҷавони ӯро барканд. Мани ошиқи шайдо бо шунидани хабари марги Шаҳзодаам қариб ба сактаи қалб гирифтор шуда будам. Бо як азоб худро ба даст гирифта ба дари беморхона рафтам, ба умеде, ки шояд зинда мемонад, аммо ҷисми беҷони арӯси номуродамро бароварда ба дастамон доданд. Қиёмат он рӯз гӯё қоим шуд, падару модар ва хешу пайвандони Шаҳзода зор-зор гиря мекарданд, мани дилхун бошам, тобути арӯси ҷавонмаргамро ба оғӯш гирифта зорӣ мекардам, ки моро аз ҳамдигар ҷудо накунед.

Марги фоҷиавии арӯси нокомам маро чунон афсурда намуд, ки ба бистари беморӣ афтидам. Айни ҳол дар беморхона табобат гирифта истодаам, вале на дору ба ман фоида мекунаду на панду насиҳат. Ҳолам ба ҷойи беҳ шудан торафт бадтар шуда истодааст.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед чӣ кор кунам?

Манучеҳр, аз ш. Турсунзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *