Дар Панҷ писар падарро ба табар кушт

Имрӯз баъд аз нисфирӯзии ба мо хабар расид, ки дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон писар падарро бо табар ба қатл расонидааст.
Рӯзи 7-уми феврали соли ҷорӣ вақти субҳгоҳон дар ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат”-и ноҳияи Панҷ писар падарро бо зарбаи табар ба қатл расонидааст. Тавре сокинони ноҳия тариқи телефон ба мо иброз намуданд, ки гумонбар Абдусалом ё Абдураҳмон ном дошта, соҳиби чор фарзанд мебошад. Бо сабаби бемории руҳидоштанаш 10-12 сол мешавад, ки ҳар баҳору тирамоҳ дар беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ мешавад. Зану фарзандонаш тарки ӯ карда, пиру кампир дар хона бо ин писари беморашон зиндагӣ мекард. Падараш марди 76 соларо дирӯз субҳгоҳон дар гарданаш ба табар мезанаду баъди ҳодиса боз ба ҷойгаҳаш хоб меравад.
Ҳамсуҳбатамон нахост, ки номаш ифшо шавад, гуфт, ки ин ҷавон шахси беозор буд, ҳамчун бачаи боодоб мешиносанд. Ҳамчун сартарош (прихмахер) кор мекарду зиндагиашонро пеш мебурд. Ягон кас бовараш намеояд, ки ҳамин ҷавон падари худро ба қатл расонида бошад.
Дар ин замина Холиқзода Абдулфайз Ғафур прокурори ноҳияи Панҷ оид ба ин ҳодиса чунин гуфт: Дар ин мавзӯъ мо ба шумо чизе гуфта наметавонем, чунки сири тафтишот аст. То анҷоми парванда ҳуқуқ надорем, ки дар ин маврид ба шумо маълумот диҳем. Баъд аз хулосаи ниҳоӣ парванда ба суд ирсол карда мешавад ва ҳамон вақт метавонам, ки пурра маълумот диҳам”.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *