Дар «Подкаст»-и Барон аз духтарони замонавӣ гуфта шуд
Барон, рэпсаро ва блогери тоҷик, ки молики ютубканали “Avlod media” аст, ҳамроҳи блогери дигари тоҷик Юсуф Собиров аввалин нашри барномаи подкастии худро бо номи “Ту чӣ фикр дорӣ?” пешкаши ҳаводорон намуданд.
Меҳмони барномаи нахустин блогери маъруф Ғолиб Мӯсоев буда, мавзӯи баҳсшаванда “Духтарон дар ҷомеа” интихоб шудааст.
Ровӣ ба меҳмон савол медиҳад, ки дар ҳолати зан надоштан, аз миёни духтарони дар инстаграм фаъолбуда ва мунтазам аксҳояшонро мегузоштагӣ, ҳамсари ояндаатро интихоб мекардӣ?
Ғолиб Мӯсоев дар ҷавоб мегӯяд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ интихоб намекардам. Аммо баръакси андешаи меҳмон, ровии дигар Юсуф Собиров мегӯяд, ки агар нафаре писандам ояд ва он аз шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳову видеоҳояшро тоза кунад, метавонем интихоб кунем.
Доир ба наворҳое сухан меравад, ки дар саҳифаҳои махсус нашр мегарданд. Барои мисол, наворҳое, ки чунин сарлавҳа доранд: “Келини хонаро қапиданд”. Гуфта мешавад, ки беҳтар аст чунин наворҳо ба фазои маҷозӣ роҳ наёбанд, зеро дар баробари оилае вайрон шудан, инчунин, “қаҳрамон”-ҳои онҳо дигар дар ҷомеа ба рӯи касе нигоҳ карда наметавонанд. Дуруст аст, ки онҳо хато карда, хиёнат мекунанд, вале набояд мо дар интернет томи тоҷикро паст кунем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ