Чаро Махачев ғалабаи худро ҷашн нагирифт?

Ислом Махачев, чемпиони UFC дар вазни сабук маротибаи дуюм камарбанди худро ҳимоя кард. Ӯ дар UFC 294 дар даври аввал размкори австралиягӣ Алекс Волконовскийро шикаст дод.

— Ман ғалабаи худро ҷашн намегирам, зеро ҳоло дар дунё корҳои бад шуда истодааст. Ба ҷангҳои бемаънӣ хотима диҳед, ин корро бас кунед.

Ҳамчунин, пас аз ғалаба аз Ислом Махачев мепурсанд, ки рақиби навбатиаш кӣ мешавад. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки рақиб пайдо кардан вазифаи Президенти UFC Дана Уайт аст ва бояд он кас муайян кунад.

— Ман ҳеҷ вақт рақиб интихоб намекунам, аммо ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки ҳоло Ҷастин Гейҷи ва Чарлз Оливейра дар як сатҳанд ва хуб мешавад агар ҳарду рақобат кунанд ва ғолиб бо ман ба майдон барояд, — гуфт дар охир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *