Дар рӯзи иди Фитр пеш аз рафтан ба идгоҳ чизе тановул кардан савоб аст

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Сорбон аз шаҳри Душанбе дар муроҷиати худ мегӯяд:

— Пеш аз моҳи Рамазон ман бо дӯстдоштаам фотеҳа шудем ва қарор буд, ки баъди ид тӯй шавем. Аммо тарафи духтар “дар мобайни ду ид, яъне Рамазону Қурбон тӯй кардан мумкин нест” гуфта, тӯйро баъди Иди Қурбон гузоштанӣ ҳастанд. Мехостам дар ин масъала равшанӣ андозед.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар шарҳи ин гуфтаҳо изҳор менамояд:

— Баръакс, никоҳи байни ду ид хуб аст. Ман намедонам, ки дар байни мардуми мо бехосият будани никоҳи миёни идайн аз куҷо пайдо шуда бошад, зеро бо ин суол зиёд ба ман муроҷиат мешавад. Гуфтаниам, ки никоҳи миёни идайн ҳеҷ бехосиятӣ надорад. Балки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) бо модаралмуъминин Оишаи сиддиқа (р) дар байни ду ид хонадор шудаанд. Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунанд, ки “никоҳе, ки байни ману Расули Худо сурат гирифт, дар байни ин ду ид буд ва дар болои дастархони мо як коса об буд. Дар гӯшаи дигари дастархон як коса асал буд, ки Паёмбар бисёр дӯст медошт”. Бинобар ин, шумо кори хайрро ба дур напартофта, баъди Иди Рамазон бо фотеҳашудаи худ тӯй карда, хонадор шавед.

— Мегӯянд, ки рӯзи ид рӯза доштан аз субҳи содиқ то намози ид савоб аст. Тарзи ният ва дуояшро мегуфтед,- шарҳ мехоҳад Аминҷон аз шаҳри Ваҳдат.

— Дар рӯзи иди Қурбон нияти рӯзаи нафл кардан аз субҳ то вақти гузоридани намози ид мустаҳаб аст. Аммо дар рӯзи иди Фитр пеш аз рафтан ба идгоҳ ширинӣ ё ҳар чизи дигаре тановул кардан мустаҳаб ва савоб аст,- мегӯяд Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

— Хутбаи намози Ид суннат аст ё фарз? Агар шахс хутбаро надонад ва нахонад, чӣ ҳукм дорад?,- мепурсад Мубориз аз шаҳри Ҳисор.

— Хутбаи намози идайн суннат аст, намози идайн бидуни хутба бо кароҳият дуруст мешавад,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *