Толеъномаи 2-юми майи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Аз ваъда додан, қасам хӯрдан ва суҳбатҳои нодаркор худдорӣ намоед. Ба корҳои хатарнок даст назанед, бо хариду фурӯши хонаву мошин машғул шуданро тавсия намедиҳем. Нисбати дӯстону шиносон бодиққат бошед. Вазъияти пурмоҷарое имкон дорад, ки оқибати ногувор ба бор меорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ҳаётатон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Муносибати худро бо баъзе атрофиёни худ тағйир доданатон лозим меояд. Аз шиносоиҳои нави ошиқона худдорӣ намоед. Бо харид ё савдо машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимол маблағи калонро аз даст медиҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ҳаётатон гардишҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Бо корҳои хатарноку санҷиданошуда машғул нашавед, вале пешниҳодҳоро барои машғул шудан бо тиҷорат ҳатман қабул кунед. Шахси дӯстдоштаатон бо меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳама ҳолат дастгириятон мекунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар гуфтор андозаро нигоҳ доред, аз ҳад нагузаронед. Бештар гӯш кунеду нуқтаи назари худро кам баён намоед. Дар касбу коратон тағйирот рух медиҳад. Ҳар орзуву ҳавасе, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон доред, ҷомаи амал мепӯшад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим боэҳтиёт бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Боҷуръатӣ ва дурандешӣ ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам месозанд. Дар ин рӯз аз ваъда додану гуфтори нодаркор ва кор бо ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Харид кардану савдои хона ва мошинро тавсия намедиҳем. Санҷишҳоеро, ки имрӯз тақдир насибатон мегардонад, бо ҳамфикр ва шахси боваринок рафъ карда метавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бе ташвиш аст. Аз дидори хешу табор, дӯстон ва меҳмонон шод мегардед. Дар ин рӯз бо кори хонаву замин машғул нашавед, беҳтараш тамоми рӯз хурсандиву истироҳат кунед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, хӯроки зиёд ба меъдаатон вазнинӣ мекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз хабарҳои аҷибу гуногун мешунавед. Дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Айни замон худро ба даст гирифта, эҳсосоти манфиро ба дил роҳ надиҳед. Дар ҷодаи касбӣ муноқиша имкон дорад. Аз ин рӯ, пешакӣ коре кунед, ки ҷангу ҷанҷол рух надиҳад. Давоми рӯз хӯрокҳои хамирӣ ва сахт истеъмол накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз хеле ҳассос мегардед ва зери таъсири ҳар нафар афтоданатон имконпазир аст, аз ин лиҳоз, хеле эҳтиёткор бошед. Ташаббускори муноқишаву низоъ нагардед, вагарна ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Табъатон худ ба худ тағйир меёбад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст. Бо нафарони зиёд вохӯрда, тамоми рӯзро дар меҳмонӣ ва зиёфатхӯрӣ мегузаронед. Дар корҳои вобаста ба тиҷорат фаъолият нишон надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон якбора ва худ ба худ тағйир ёфта, аз дарди сар азият кашида, хобҳои бад мебинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз нисбати шиносони нави худ бодиққат бошед, эҳтимоли рух додани муноқиша дар назар аст, ки оқибати нохуш ба бор меорад. Агар шумо ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накарда бошед, имрӯз имкони мувофиқ фаро мерасад. Ба атрофиён хубтар зеҳн монда, нисбати нафаре танқидро раво набинед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Ба ягон нафар ваъда надиҳед. Вазъият тавре сурат гирифта метавонад, ки бо сабабҳои бароятон номаълум ваъдаҳоятонро амалӣ сохта наметавонед. Аз рафъ намудани мушкилоти пулӣ худдорӣ намоед. Дар ин рӯз қарз нагиреду ба касе қарз надиҳед. Қабули меҳмон ё ба меҳмонӣ рафтан боиси хастагиятон мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи хуб аст, табъатон болидаву дар оилаатон муҳити идона ҳукмфармо мегардад. Нафароне, ки асаби ҳассос доранду ҳолати руҳияшон нохуб аст, зимни робита бо атрофиён бояд эҳтиёткор бошанд. Ошиқонро лозим аст, ки вақти бештари худро бо дӯстдоштаашон гузаронанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *