Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА, вакили парлумони Тоҷикистон

— Ба қарибӣ баъзе аз падару модарон ба ман муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, фарзандонашон, ки дар мактабҳои олӣ мехонданд, мутаассифона, аз тарафи баъзе шахсон ба хидмат бурда шуданд.

Гуфти раиси Маҷлиси намояндагон, ҷаноби Маҳмадтоир Зокирзода, берун аз масъала гап назанед, аз мавзуъ дур наравед. Ҳозир вақти ин хел гапҳо не!

Нуринисо ПОДШОҲЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон

— Шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Хуросон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди соҳа, ҳамчунин, иҷрои он ҷанбаҳое, ки ба соҳаи маориф тааллуқ дорад, аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.

— Нутқи бисёр ҳам форам, аммо шинос менамояд. Мабодо аз суханони ягони мудири дигар иқтибос нашуда бошад? Агар ин тавр бошад, дар нохунак гиред, лутфан.

Рустам ХОҶАЕВ, сармураббии дастаи «Хуҷанд

— Чунин вазъияте аст, ки ман биравам, шояд хубтар шавад. Мураббии дигар биёяд, бозигарон шояд дигар шаванд, муносибаташон тағйир ёбад ва сатҳи даста боз баландтар гардад.

— Ана ҳамин “шояд”-аш устухони дар гулӯ да! Агар ҳамин “шояд” намебуд, метавонистед бемалол рафтан гиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *