Дар Русия истифодаи мошинҳои шахсӣ маҳдуд мешавад

Дар доираи стратегияи нақлиётии Русия қарор дода шудааст, ки то соли 2035 ба хотири нақлиёти ҷамъиятӣ аз нақлиёти шахсӣ истифода бурдани русҳо маҳдуд карда шавад. Дар ин бора «Коммерсантъ» бо истинод ба маълумоти сомонаи ҳукумат хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, чунин чораҳо ба он равона гардидаанд, ки соҳибони мошинҳо ба муҳит зарари камтар расонанд. Дар доираи нақша пешниҳод мегардад, ки истифодаи воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррикҳои ғайриэкологӣ кам карда шавад. “Ба шаҳрвандоне, ки ба мошинҳои худ содиқ мемонанд, “истифодаи якҷояи воситаҳои нақлиёт”-ро бо дигар русҳо пешниҳод мекунанд”,- менависад «Коммерсантъ».

Ҳуҷҷат инчунин нақшаҳои дарозмуҳлатро дар мавриди рушди нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ, ҳавоӣ ва дигар намудҳои нақлиёт барои 15 соли оянда дар бар мегирад. Барои амалигардии ин мақсад харҷи 60 триллион рубл пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *