«Омикрон» то ҳол касеро накуштааст

Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 3-юми декабр гуфтанд, ки то кунун дар бораи фавти одамон аз “Омикрон”, навъи ҷадиди коронавирус, гузориш нашудааст.

Ин навъи вирус бори аввал ҳафтаи гузашта дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда, дар чиҳил кишвари дунё паҳн гардидааст. Далелҳои ибтидоӣ нишон медиҳанд, ки “Омикрон” зуд сироят мекунад, вале нишонаҳои беморӣ нисбат ба навъҳои қаблии коронавирус сабуктар аст. Бо ин вуҷуд, баъзе аз шахсони мубтало ба “Омикрон” дар шифохонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Ин навъи ҷадиди коронавирус дар ҳоле паҳн мешавад, ки шифохонаҳои баъзе аз кишварҳо бар асари “бедодгарӣ”-ҳои “Делта”, навъи қаблии коронавирус, зери фишор қарор доранд. “Делта” сабаб шуд, ки ҳукуматҳо дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Аврупо, муқарраротеро чун истифода аз ниқоби тиббӣ, хонашинӣ ва риояи фосилаи ҷисмонӣ дигарбора ҳатмӣ кунанд. Талошҳои эмкунӣ ҳам афзудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *