Дар сӯхтори Маскав боз тоҷикон қурбон шуданд

Раёсати тафтишотии вилояти Маскав иттилоъ дод, ки тақрибан 3:00-и шаби якшанбе зимни хомӯш кардани сӯхтори яке аз хонаҳои шахсӣ ҷасади зану кӯдак пайдо карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, писарчаи фавтида 7 сол дошта, духтарчаи шашсолаи дигар низ бо ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Таъкид шудааст, ки тибқи фарзияи пешакӣ сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо мебошад. Тақҳиқи ҳодиса идома дорад. Мақомот дар бораи шахсияти қурбониён иттилоъ надодаанд, аммо расонаҳо менависанд, ки онҳо зодагони Тоҷикистонанд. Ба навиштаи «МК», дар манзили истиқоматие, ки оташ гирифтааст, оилаи ду бародар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.

Нашрия навиштааст, ки нахуст моҳи августи соли 2019 як зодаи Тоҷикистон дар иттиҳодияи боғдории «Дружба» хонаи истиқоматии куҳнаеро харида, бо оилааш ба он ҷо кӯчид. Баъдан бародари калонияш, марди 40-сола низ бо хонаводааш ба наздаш омадаасту дар ошёнаи дуюми бино ҷой гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ки маҳз дар ошёнаи дуюм, ки дастгоҳи гармкунандаи об он ҷо будааст, сӯхтор ба вуқуъ омадааст. Ба навиштаи «МК», вақте бародари калонӣ бӯи сӯхторро эҳсос мекунаду оташро мебинад, бародари хурдиро ба кумак даъват мекунад. Бародари хурдӣ духтарчаи шашсоларо бо 20 дарсади бадани сӯхта берун мекашад, аммо вақте хост, барои наҷоти дигарон равад, оташ аллакай роҳи бозгаштро баста будаст.

Калони хонадон, ки худ низ аз қисмати сару дасту рӯй сӯхтааст, ба навиштаи расонаҳо талош кардааст, тариқи тирезаи ошёнаи дуюм ҷигарбандонашро наҷот диҳад, аммо натавонистааст панҷараро шиканад ва оташ хеле зуд хонаро фурӯ бурдааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тақиқот идома дошта, ташхиси судӣ таъйин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *