Дар се моҳ 10 мард аз хушунат шикоят кард
Имрӯз конфронси илмӣ- амалӣ, дар мавзӯи “Хушунат дар оила”, дар бинои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он намояндагони лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хушунат” (PDV ) ва Васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Қурбониён Баҳодур котиби генералии ҶҲАТ ҳозиринро ҳайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бо мақсади паст кардани сатҳи хушунат дар кишвар чунин лоиҳаро роҳандозӣ намуда, тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем.
Алишер Мирзоев, намояндаи лоиҳаи PDV вобаста ба роҳандози шудани чунин як лоиҳа дар Тоҷикистон, ки аз тарафи ҳукумати Шветсария донорӣ мешавад, саривақтӣ буда, барои аз байн бурдани хушунат дар оилаҳо равона гардидааст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки соли 2017 дар назди ҳукумати вилояти Хатлон ва минтақаҳои осебпазири кишвар лоиҳа дастгирӣ ёфт ва дар 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷумла, Бохтар, Хуросон, Левакан, Кушониён, Вахш, Балхӣ, Шаҳритуз, Панҷ, Ҳамадонӣ, инчунин панҷ гурӯҳии кории дигар дар минтақаҳои Қубодиён, Балҷувон, Ховалинг, Фархор, Васеъ корро идома доданд.
Мақсади асосии лоиҳа ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, занон мардон ва кӯдакон мебошад, ҳамчунин, коҳиш додани сатҳи хушунати оилавӣ дар кишвар мебошад.
Ногуфта намонад, ки аз моҳи октябри соли 2017 то моҳи марти соли 2018 аз ҷониби лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ба 2106 ҳодисаи хушунат ба қайд гирифта шуд, ки аз он 85 дарсадро бонувон ва 15 фоизро мардҳо ташкил медиҳанд. Илова бар ин, 1127 (54 %) аз ҷониби шавҳар болои занҳо, 667 (32 %) аз ҷониби аъзоёни оилаи хонавода ва 342 (14%) ҳодисаи аз ҷониби хушдоман сурат гирифтааст.
Фирӯза Ҷобирова, низ вобаста ба ин масъала қайд кард, ки дар вилояти Хатлон танҳо дар муддати се моҳи аввали сол 10 аризаи шикояти мардон ва як кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Дар нақша дорем, ки рӯзи 15 май дар шаҳри Левакан як ҳуҷраи корие кушода мешавад, ки асосан равоншиносон ва руҳониён бо мардум кор мебаранд, ки дар муддати 30 вохӯрӣ рафтору хислати ҷабрдиҳандаро дар оила дигаргун менамояд. Дар вилояти Хатлон бошад, Маркази дастгирии занон ташкил карда шудааст, ки занони ҷабрдида муддати 14 рӯз маслиҳати ҳуқуқӣ, равонӣ мегиранд. Кӯшиш мекунем, ки дар ин муддат зан ба оилаи худ баргарданду оромона зиндагӣ кунанд.
Натиҷаҳо нишон дод, ки гирифторони хушунати оилавӣ аз 2106 600-900 нафарашон ба оилаҳояшон баргардонида шуда, 1043 ҷабрдида ба волидонашон баргардонида ва 273 нафари дигарашон ба курсҳои омӯзиши равона карда шуда, ба гувоҳнома қадрдонӣ карда шуданд.
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ