Ҷоизаҳо ба журналистон

3 май, дар рӯзи озодии баён се созмони журналистии Тоҷикистон – НАНСМИТ, Маркази таҳқиқоти журналистӣ (МТЖТ) ва «Хома” ҷоизаи «Ҳамраъйии касбӣ”-ро ба мудири собиқи дафтари радиои «Озодӣ” Хуршеди Ҳамдам супурданд.

Баъдан созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҷоизаҳои солонаи худро тақдим карданд. Аз ҷумла Раҷаби Мирзо бо ҷоизаи касбияти журналистӣ ба номи Отахон Латифӣ, Нуралӣ Давлат бо ҷоизаи Эътимод,Саидэҳсони Ҷалолиён бо ҷоизаи «Ҷасорати журналистӣ”, Зокир Ҳасан, Саидраҳмон Назриев ва Завқибек Сайидаминӣ бо ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толиб, Носирҷон Маъмурзода ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода сарфароз гардиданд. Ин ҷоизаҳоро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон( МТЖТ), Шӯрои ВАО ва «Медиа-Алянс” таъсис додаанд.Баъдан ҷоизаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба Ато Ҳамдам (Хоҷаев) тақдим шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *