Дар се моҳ 53 муҳоҷири меҳнатӣ бемории сил шудаанд

Имрӯз дар меҳмонхонаи”Серена” барномаи вохӯрӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти  “Баҳодиҳии фаврӣ ба вазъи дастрасии  муҳоҷирон ва аъзоёни оилаи онҳо ба хизматрасониҳо дар самти бемории сил, сил/ВНМО ва ШМС дар Тоҷикистон бо дастгирии барномаи USAID шуда гузашт.

Дар он намояндагони “Марказҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Муассисаи давлатии “Ташаккули тарзи ҳаёти солим”, хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат  дар ҶТ  мутахассисони соҳаи силшиносӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Рухшона Қурбонова, ҳамоҳангсози барномаҳои солимии муҳоҷирон, Созмони байналмилали муҳоҷират дар Тоҷикистон суханрони намуда, рафти барномаро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз таҳияи барнома пешгири намудани гирифторшавии бемории сил ва кам кардани миёни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

 

Тӯрашоҳ Саймуддинов,  сироятшиноси муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар суҳбат ба мо чунин гуфт:

«Дар се моҳи аввали соли 2017, 348 нафар гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 60 нафарашон  беморони  ҳамрадифи ВНМО/силдошта ва 53 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз он 48 нафар мард ва 5 зан  мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки вақте шахс ба бемории ВНМО гирифторони  мешавад, масъунияти баданаш паст мешавад. Дар ин ҳолат организм қувваи мубориза бурдан надорад. Аз он ки дар ҷомеа  микроби сил зиёд аст ва ба ин бемор сироят меёбад. Аз ин хотир ҳар нафаре, ки ба қайд гирифта мешавад, бо роҳхат ба марказҳои вобаста будаи зиддисилӣ  равон карда мешавад. Баъд аз хулосаи силшинос ба онҳо  чораҳои пешгири аз бемории сил гузаронида мешавад».

Дар рафти барнома қайд карда шуд, ки тибқи модаи 13 Қонуни ҶТ ҳар як бемори силдошта ҳуқуқ дорад, ки новобаста аз ҷои истиқоматаш духтур ва муассисаи  тиббиро худаш интихоб намояд.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *