Некии Мирзоӣ – Эрон

Сайёдони нур

Садои пойи сукут,

Дар ҳаҷми сангини гўшаи танҳоии утоқ мепечад.

Ва ман,

Ламида бар мебели куҳнаи садсолаам.

Дар хилвати хотираҳо,

Буғзи то хўрда,

Ва куҳани солҳои ғурбату ранҷи ҳиҷрро,

Бо мавҷи ашк мешўям,

Дар зеҳни мунҷамиди лаҳзаҳо.

Гўйӣ замон собит монда,

Ва ман,

Дар ҳуҷуми сояи раҳравони шаб,

Солҳост дар соҳили хомўши зиндони ёдҳо маҳбусам.

Таҷассуми тарҳи лабҳое,

Ки хандаро аз онҳо дуздидаанд.

Буғзи сукути дардҳои шабонаамро метарконад,

Гузари ҳодисаҳо,

Баҳонаи ҳиҷратам нест,

Сайёдони нур кўчам додаанд.

نیکی میرزایی – ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *