Дар шаҳри Душанбе барои ҳунармандон озмун баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл  озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур 26 август доир шуда, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *