Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев мехоҳад ба UFC роҳ ёбад

Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев бо ташкилоти “Дана Уайт” (Dana White Contender Series) шартнома ба имзо расонидааст.

Бино ба иттилои ТВ «Варзиш», ҳамакнун Нурулло агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, пас аз он имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад. Он вақт Нурулло метавонад бо UFC шартнома ба имзо расонад.

Гуфта мешавад, ки ин варзишгари тоҷик 20-уми сентябр дар ташкилоти мазкур рақобаташро доир мекунад.

Пеш аз Нурулло Алиев ҳам размикорони тоҷик Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, аммо дар ҳамин гуна рақобат мағлуб шуданд. Онҳо ҳам бо ташкилоти “Дана Уайт” шартнома баста буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *