Дар шаҳри Левакант намояндагии кафедраи ҳарбии ДБССТ таъсис ёфт
Дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант намояндагии кафедраи ҳарбии донишгоҳи номбурда кушода шуд.
Дар ифтитоҳи кафедраи ҳарбӣ имрӯз, 19 апрел роҳбарияти донишгоҳи мазкур, намояндагони мақомоти шаҳри Левакант, вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода дар расми ифтитоҳ аз масъулини кафедраи ҳарбӣ ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки донишҷӯёнро хуб таълиму тарбия диҳанд.
Ба онҳо усулҳои муосири таълим ва технологияи ҳозиразамонро, ки дар филиали кафедра муҳаёст, омӯзонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ