Душанбе 100-сола шуд

Ҳар шанбеи сеюми моҳи апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахтро таҷлил мекунанд. Душанбе таърихи тӯлонӣ надорад ва ҳамсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аммо дар давоми як аср он ба пойтахти комил, каъбаи дилҳо, маъмани тоҷикони ҷаҳон ва шаҳри умеду ормонҳои мардуми тоҷик табдил ёфт.

Шаҳри озодон

Устод Лоиқ Шералӣ Душанберо “шаҳри ободон”-у “шаҳри озодон” гуфтааст. 100 сол қабл Душанбе ҳамагӣ як кӯчаи кӯтоҳи хокӣ, ки ҳоло хиёбони Рӯдакист, рисолати пойтахти комилан нави тоҷикони Мовароуннаҳрро ба дӯш гирифт ва инак шаҳре шудааст бо 1 012 794 миллион аҳолӣ.  

Имрӯзи Душанбе

Душанбе дар солҳои охир шоҳиди авҷи сохтмонҳо шудааст. Симои пойтахт рӯз аз рӯз дигар мешавад. Бархе инро далели табдил ёфтани шаҳр ба як пойтахти муосир медонанд ва бо милаи 165-метрии Парчами миллӣ, бинои Китобхонаи миллӣ ва Боғи Рӯдакӣ ифтихор мекунанд. Бархеи дигар аз он нигарон ҳастанд, ки биноҳои таърихии шаҳр тахриб шуда, хотираи таърихии шаҳр ҳифз нагардид…

Пойтхат васеъ мешавад

Душанбе ягона шаҳрест, ки дар Тоҷикистон воҳиди минтақавӣ дорад ва аз ин лиҳоз, Маҷлиси вакилони халқ ва ҳукумати иҷроияи он мақоми вилоятӣ доранд.

Соли 2021 тибқи қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28-уми сентябри соли 2018 Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд.

Имрӯз Душанбе ба 4 ноҳия ҷудо шудааст, ки ҳар яки онҳо маъмурияти худро доранд: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур.

Ҳудуди Душанбе 20,32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи генералии пойтахт, ки моҳи апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, шаҳр дар тамоми периметр, вале бештар дар самти ҷануб васеъ карда мешавад. Дар соли 2040 ба 25 ҳазор гектар ва баъд аз соли 2040 ба 30 ҳазор гектар расонидани майдони ободонии Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ояндаи Душанбе

Душанбеи муосир шаҳрест, ки дар он нафаси шарқи афсонавӣ эҳсос мешавад ва ҳамзамон маркази фарҳангиву иқтисодии кишвар аст.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳр то соли 2026 сад корхонаи саноатӣ бунёд мегардад.

Бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрдорӣ қайд кардааст, ки бо бунёди корхонаҳои нав даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида ва сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии кишвар аз ашёи хоми воридотӣ паст карда мешавад.

Ҳамзамон дар оянда амалишавии лоиҳаи бо 5 роҳи дусатҳаву имконияти васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал дар назар гирифта шудааст.

Инчунин бо амалишавии марҳилаи аввали Нақшаи генералӣ, яъне баъди соли 2025 дар шаҳр аввалин метроҳо низ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки нахустинаш дар назар аст дар хиёбони Н. Қарабоев сохта шавад. Барои ҳаракати метро дар шаҳр роҳҳои ҳавоӣ сохта мешаванд.

Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *