Ҳоҷибобои мактаб. Ё вақте муаллим ба зиёрати шогирди ҳоҷӣ меравад

Тайи солҳои истиқлол калимаҳои “ҳаҷ” ва “ҳоҷӣ” вирди забони мардуми мо шуд. Ин ҳам ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон буд, ки ба мардум озодии дину эътиқодро кафолат дод.

Мардуме, ки ташнаи дидори Хонаи Худо буданд, ба қадри тавони худ аз ин неъмат баҳраманд шуданд. Дар оғоз Арабистони Саудӣ бо зоирини аз зери султаи Шӯравӣ озодгардида имтиёз дод ва шумораи квотаро барои чунин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон афзуд. Айни замон, мувофиқи оморҳои маълум, дар кишвари мо тақрибан 50 ҳазор нафар ҳаҷи фарзиро ба ҷо овардаанд.

Аммо барои ҳаҷи умра ягон хел квота нест ва имрӯз тақрибан 400 ҳазор нафар Каъбаро зиёрат кардаанд (на маросими ҳаҷро аз гардани худ соқит намудаанд!), ки ин барои як кишвари на он қадар сераҳолӣ рақами кам нест.

Шояд хонанда суол диҳад: “Хайр, чӣ шудааст? Пули онҳо меравад ку…”.

Бошад, ширкатҳои “ҳоҷибарак” пул кор кунанду ҳам Тоҷикистон ба “Ҳоҷиистон” табдил ёбад, вале агар чуқуртар андеша кунем, чунин ҳаҷравиҳо ва “умра”-ҳои  тақлидӣ (“ҳамсоя рафт ку, чаро ман наравам?”) ба зарари худи эшон аст.

Ин ҳамин тавр як гуфтаҳои ҳавоӣ не, балки воқеияти имрӯза аст ва дар ин бора ҳафтаи равон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал полковники милиса Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо намояндагони дин, зиёиён, устодони мактабҳо ва дигар сохторҳою созмонҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гуфта гузашт.

Ҳолатҳое буданд, ки баъд аз чунин “ҳаҷи тақлидӣ” ҳоҷии навбаромад ягона гови ҷӯшоиеро, ки ба кӯдаконаш шир медод, кушта ба ҳоҷибинон дод. Магар инро ҳаҷ гуфтан мумкин аст ва оё чунин “ҳаҷ”-ро Худованд қабул мекунад?

Аз ҳама аҷибаш он аст, ки нафари пулдоре писари мактабхонашро ба “умра” фиристодааст ва пас аз бозгашти талаба аз ҳаҷ мактабиён ӯро “ҳоҷибобои мактаб” гуфтаанд ва ҳатто баъзе аз устодони ин “ҳоҷӣ” ба ҷои он, ки чанд муддат дар куҷо будани хонандаашонро пурсанд, ӯро зиёрат рафтаанд…

Вале тавре мушоҳида мешавад, дар ҷомеаи мо теъдоди ҳоҷиҳо дар ҳоли афзоиш бошад ҳам, теъдоди «мусалмонони воқеӣ” рӯ ба камшавӣ дорад. Магар шарти аввали мусалмонӣ дониш омӯхтан ва талаби илм нест? Пас чаро имрӯз фарзандон рӯзҳо ба мактаб намераванду волидайнро парвое нест?

Магар ҳамин ба ном “диндор”-он нестанд, ки ба ҷодугару соҳирон рӯ меоранд. Магар бовар кардан ба фолбину сеҳру ҷоду ба мусалмони воқеӣ манъ нест? Ҳол он ки дар як ҳафтаи охир дар кишвар беш аз 20 фолбинон дастгир шудааст.

Бояд сари ин масоил андеша кунем? Вазир дар ин вохӯрӣ изҳор намуд, ки ҳоло дар доираҳои ҳуқуқии ҳукумат пешниҳодҳои нав вобаста ба тарбияи ҷавонону наврасон ва ҳамчунин тағйирот дар кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар назар аст. Тавре мегӯянд, “дарди бадро давои бад”. Шояд калтаки қонун мардуми моро ба роҳи рост ҳидоят бикунад?!

А. АҲМАДЗОДА,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *