Хушбин, хушчеҳра, хушгӯй ва хушбахт. Ёде аз Меҳмон Бахтӣ

На ҳама вақт дар хотир мемонад, ки нахустин вохӯриат бо нафаре чӣ тавр ба вуқуъ пайваста буд. Шиносоии камина низ бо арбоби ҷамъиятӣ, шоир, носир, драматурги маъруфу маҳбуби замон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ, ки охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта вазифаи мудири бахши тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагонро бар зимма дошт, аз вижагие баҳраманд нест. Мани он айём навҷавон гоҳ-гоҳ ба Иттифоқи нависандагон сар мезадам ва дар долоне дида, саломаш медодам. Ӯ кушодрӯёнаву меҳрубонона посух мегардонд. Бад-ин минвол ошноиямон тадриҷан ва табиӣ идома пайдо кард. Чун огоҳӣ ёфт, ки банда ба эҷоди шеър завқе дорам, маҳз ӯ барои ширкат дар курс-конфронси адибони ҷавон ташвиқам намуд.

Баъдтарҳо рӯзе гуфт:

— Як даста навиштаҳоятро биёр, тарҷума кунонда, ба Институти адабии Маскав мефиристем, донишҷӯ мешавӣ.

Тавсия дод, намунаҳои ашъорамро ба шоири русзабон Алишер Қиёмов, ки дар нашриёти «Адиб» фаъолият мекард, барам. Алишер на ҳар шеъру на ҳар шоирро меписандид, шеърҳои мавҳуму мубтазалмаъноро «паровозики» меномид. Он даврон ба тарҷумаи чакомаҳои зинданом Бозор Собир шуғл меварзид. Аз ин ваҷҳ бо ибову истиҳола ба ҳузураш рафтам. Хайрият, нигоштаҳои бандаро пазируфт. Пас аз ҳафтае миқдори зарурии шеърҳоямро дар тарҷумаи ӯ ба устод Меҳмон супоридам. Мутаассифона, чӣ шуду чӣ монд, ки баъди интизории басе дердавом маро ба он боргоҳи илму адаб даъват нанамуданд. Албатта ин бароям зарбаи гарони навбатии сарнавишт буд. Меҳмон Бахтӣ ба дилшикастагиям шарик шуд ва баҳри дилбардорӣ изҳор кард:

— Ғам нахӯр, ту бе хондан ҳам шоирӣ!

Соли 2013, ки раиси Иттифоқи нависандагон буд, боре ба ҳуҷрааш даъватам кард. Ҳолу аҳвол пурсид. Пасон шӯхиомез коҳиш намуд, ки шоирону нависандагон баҳудаю беҳуда, бамуносибату бемуносибат маҳфилҳои фардӣ ташкил мекунанд, дар Симо симояшонро нишон медиҳанд, дар Садо садояшонро сабт мекунанд, ту дар ин ҷода ҳеҷ фаъол нестӣ. Камина баҳонаҳои гуногун пеш овардам. Шодравон ба суханаш оҳанги ҷиддӣ бахшид:

— Фаҳмидам, ки имсол синни панҷоҳро пур мекардаӣ. Аз ин рӯ, хоҳӣ-нахоҳӣ, маъракаи ҷашнӣ меороӣ. Ман гуфта будам, ки ту бе хондан ҳам шоирӣ, акнун сароянда ҳам шудаӣ. Дар маҳфили дигар шоирон онҳо шеър қироат мекунанду ҳофизон месароянд. Маҳфили ту хосагиаш ин мешавад, ки худат шеър мехонӣ ва худат суруд мехонӣ. Вазифаи партиявият ҳамин!

Камина ноилоҷ ризоят додам ва азбас лаёқати дар саҳнаву минбар суханпардозӣ надорам, чорабиниро як навъ гузаронидам. Худи устод дар он ширкат варзида натавонист, чунки ҳамон рӯз ба Маскав сафари хидматӣ дошт. Бинобар ин баъзан мегуфт:

— Фаромӯш накун, ту аз ман як маҳфил қарздорӣ.

Бад-ин тартиб, ҳар гоҳ Меҳмон Бахтиро ба ёд меорем, пеши рӯ шахсияти хушбин, хушчеҳра, хушгӯй ва хушбахте ҷилвагар мешавад. Чаро камина ин ҷо ҳамзамон вожаи «хушбахт»-ро изофа намудам? Охир, дар зиндагии ҳар инсон воқеоти гуворову ногувор рух медиҳанд. Устод низ дар давоми умри бобаракату босамараш фуруду фарозҳои афзунро аз сар гузаронидааст. Вале заифнолӣ намекард. Шояд зарофату мутоибаҳои ӯ силоҳе буданд алорағми маҳрумиятҳои шахсӣ ва миллӣ. Албатта вафоти ҳамсараш, кимиёшиноси обрӯманд Зебо Шарифова, бархе ақрабо, инчунин Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сайидалӣ Маъмур, Гулназар барин ҳамсафон барояш талафоти талофинопазир буд. Мусибату ғаму дард ва мушкилоти рӯзгор ба ҷисму ҷони матиниродатарин шахс низ кора менамояд. Ва аммо хушбахтии ӯро камина аз чанд ҷанба иборат медонам: дар хонаводаи фарҳангпарвар ба олам пой ниҳодааст; бо ҳамсари илмпешаву қадрдон умр ба сар бурд; дар ҳалқаи шахсиятҳои фарҳехта камоли маънавӣ ёфтаву эҷод кард; номашро дар адабиёту фарҳанги тоҷик сабт намуд; аз худ фарзандони шоиста боқӣ гузошт. Ҳар кас, ки бо мавсуф кору фаъолият дошт, ҳар кас, ки бо ӯ нишасту хез кардааст, ҳангоми ба хотир оварданаш ғайриихтиёр табассум менамояд. Зеро фавран пеши назараш чеҳраи кушоди устод меояд ва зери гӯшаш базлаҳои ӯ садо медиҳанд. Инак, ки банда қалам ба каф гирифтаам, дар ҳамон гуна ҳолат қарор дорам.

Боре дар айёми раисиаш якчанд адибро ба ҳуҷрааш ғун овард. Мақсад дошт, ки аз иддаи аъзои Иттифоқи нависандагон дастаи ҳунарие созмон диҳад. Аз ҷумлаи даъватшудагон насрнигори шуҳравар Сорбон, ки бо лаҳни вижа суруд мехонад, марҳум Сафармуҳаммад Айюбӣ, ки муғаннии хубе буд, Баҳринисобону, ки бо шашмақомсаройӣ ном баровардааст ва каминаи камтарин ҳузур доштем. Дар гӯшаи мизаш китоби бузургҳаҷму муқовағафси шодравон Мирзо Боқӣ ба назар мерасид. Устод Сорбон шигифтомез пурсид:

— Меҳмонҷон, ин чист?

— Ин балогардони ман,- посух шунидем.

— Чӣ хел балогардон?

— Баъзе адибтарошон наздам меоянд ва исроркорона хоҳиш менамоянд, ки ба узвияти Иттифоқ бипазиремашон. Ман мегӯям: «Ин китобро дидӣ? Нуҳ-даҳ кило вазн дорад. Мо ҳанӯз муаллифи чунин китоби азимро ба узвият қабул накардаему ту мехоҳӣ бо ҳамин китобчаат узви Иттифоқ шавӣ?

Ва муддаӣ узр хоста, баромада меравад.

Дар ҳуҷраи муовини имрӯзаи раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа маҷлисе ҷараён дошт. Дар фарҷоми он Меҳмон Бахтӣ ворид гашт. Пас аз адои салом гуфт:

— Акнун ба ҳамаи шумо ҷавоб! Ману Ато бояд як масъалаи байналмилалиро ҳал бикунем.

Мо хандазанон баромадем.

Рӯзи дигар Меҳмон Бахтиро вохӯрда, пурсидем:

— Устод, бо Ато Мирхоҷа кадом масъалаи байналмилалиро ҳал кардед?

— Муноқишаи Русияву Украинаро.

— Чӣ гуна?

— Мо маслиҳат додем: «Рафиқон, гоҳ ҷанг кунед ва гоҳ дам гиред, гоҳ дам гиред ва гоҳ ҷанг кунед». Ҳоло онҳо мувофиқи ҳамин машварати мо амал ба роҳ мондаанд.

Пас аз чанд рӯз дар назди дорухонаи рақами 1 бо ӯ дучор гаштам. Пурсидам:

— Устод, боз ягон масъаларо ҳал кардед?

— Ҳа, масъалаи ҳамин кӯчаро. Ман ба раҳгузарон гуфтам: «Бародарону хоҳарон, рафтуомад ихтиёрист, касе поён рафтан хоҳад, марҳамат, поён равад, касе боло рафтан хоҳад, марҳамат, боло равад!». Ҳамин тавр, боз як масъалаи муҳим ҳалли худро ёфт.

Дар ошхонаи «Тим» бо гурӯҳе аз рафиқон ғизо мехӯрдем. Меҳмон Бахтӣ пештар аз мо сари мизе нишаста будааст. Баъди чанде наздамон омад ва пурсид:

— Чӣ хизмат бикунам?

— Ягон хизмат лозим нест, устод!

— Не, ман бояд хизмате бикунам.

Ва ҷониби хазинадорӣ рафту баргашт.

— Устод, мо таоми якум ҳам хӯрдему дуюм ҳам. Чӣ ҳоҷат ба пул сарф кардани шумо?,- гуфтем.

— Бепарво бошед, ин хизмат ба ман бепул ғалтид.

— Чӣ хел бепул?

— Ман ба ҳайати пешхизматҳо фармудам: «Ҳо ҳамон мизро мебинед? Ба бачаҳое, ки он ҷо нишастаанд, ҳар хӯрданию нӯшидание хоҳанд, аз ҳисоби худашон бурдан гиред!».

Замоне мавсуф дар беморхонаи Қарияи Боло мехобид. Камина ва зиндаёд Гулназар дастовезе гирифта, ба дидорбинияш рафтем. Вақти хайрбод Меҳмон Бахтӣ гуфт:

— Рафиқон, ман дар муддати даҳ рӯзи табобат майна об карда, ба хулосаи муҳиме омадам. Инро ҳатман ба самъи ҳардуятон расониданам лозим.

— Чӣ хулоса, бишнавем-ку?,- гӯшбақимор шуд устод Гулназар.

— Хулосаи муҳим ин ки, аз беморӣ саломатӣ авлотар будааст!

Дар яке аз маҷлисҳо ба Меҳмон Бахтӣ сухан доданд. Ӯ ба саҳна баромад ва изҳор намуд:

— Ҳозирини муҳтарам, пешакӣ огоҳ мекунам. Медонам, ки шумо суханронии маро дӯст медоред, лекин вақти ман беҳад кам аст, аз ин сабаб ҳамагӣ се-чор соат гап мезанам.

Басе дилкушоду дасткушод буд. Ҳар вақт-ҳар вақт ба Иттифоқи нависандагон меомад ва сарфи назар аз нею нестони мо чанд нафарро бо худ ба ошхона мебурд. Зимни ҳисобӣ мо мехостем, ки ҳисса гузорем. Намегузошт:

— Бузурге маро насиҳат карда буд, ки «ҳаргиз баъди истеъмоли хӯрок аввалин шуда, даст ба киса набар, саросемагӣ оқибати хуб надорад. Шумо низ саросема нашавед.

Агар шахсе бе иҷозати устод пули ғизоро мепардохт, ӯ мегуфт:

— Хайр, майлаш, чӣ чора, бар ивазаш ман ҳатман шуморо сиюякуми феврал зиёфат медиҳам…

Ҳазломез мулзам кардани атрофиёнро дӯст медошт. Баъзан дар ошхона аз бонувони хидматгор мепурсид:

— Чӣ навъи таом доред?

— Ҳамааш ҳаст.

— Бисёр хуб, пас, барои ман оҳубирён, барои додарам Салимҷон гавазнбирён биёред.

— Ин хел чизҳо надорем.

— О, «ҳамааш ҳаст» гуфтед-ку!

Бештари мардон гуфтану шунуфтани латоифи пурқабоҳатро меписанданд. Воруна бар ин, мутоибаву аскияҳои Меҳмон Бахтӣ   меҳмонбахтивор буданд, яъне нарму руҳбахшу меҳроганда, бе корбасти суханҳои фоҳишу дилбеҷокунанда. Баъзе шӯхиву базлаҳояш аз назокату нафосате таркиб меёфт, ки ҳатто зумрае одамон ба жарфои онҳо сар фурӯ бурдан ва аз онҳо лаззат ёфтан наметавонистанд.

Тавре нигоштем, дар назди хосу ом равоншод худро ҳамеша кушодаҷабину хандонлаб вонамуд мекард. Чунин воқеъ ҳам шуд, ки банда рӯзе шоҳиди андуҳзадагии ниҳониаш гаштам. Як шомгоҳ дукаса дар қаҳвахонае менишастем. Зимни суҳбат ҷасорат зоҳир карда, дилҷӯёна гуфтам:

— Устод, аз вафоти янгаамон хеле муддат гузашт, шароити мусоид доред, чаро бонуеро ба завҷагӣ намепазиред?

— Ман натанҳо зан гирифтан, балки бо занҳо дуруст гап задан ҳам наметавонам,- нимшӯхиву нимҷиддӣ посух дод.

— Барои чӣ?

— Барои он ки доимо дар таҳти назорати ҳамсари худ ҳастам.

Камина гумон кардам, ки руҳи янгаро дар назар дорад. Вале ӯ ба кисабағали кастумаш даст андохт ва аз он акси рангаи андозаи шаш ба нуҳи Зебохонумро берун овард. Тӯли солиёни зиёди ошноӣ нахустин бор дар чашмони устод сояи ғамро бараъло дидам.

— Аз ин сир фақат ту бохабарӣ. Ба дӯстонамон нагӯ, мабодо хандасор шавам.

Маълумам гардид, ки барои бонувони шиносу ношинос суханони лутфомезу шаҳдангезро дареғ надошта, меҳру муҳаббати меҳмонбахтиёнаи худро барои ягонаи дилаш ҳифз мекардааст. То дараҷае, ки сурати ӯро дар ҷайб мегардонидааст.

Чаро банда ин ҷо бештар ҳазлкашиву ҳозирҷавобии устодро хотирнишон кардам? Зеро агар осори ҷолибашро хондан хоҳем, китобҳояшро варақ мезанем. Вале агар хумори чеҳраи пурзиё ва суҳбатҳои пурмуҳаббаташ ғолибамон ояд, дар паҳлуямон нест, ки хумор бишканем. Дар шахси ӯ мо адиб ва инсони хуҷастаманиш, соҳибзавқ, бекина, фурӯтан, меҳрпарвар, ватандӯст, хушсуханро аз даст додаем. Ба ҳар сурат, ҳар гоҳ ёдаш мекунем, ҳам диламон аз андуҳ фишурда мешавад, ҳам бидуни ихтиёр табассум гирди лабонамон медамад. Баъди марг низ сурур ангехтан яке аз хушбахтиҳои дигари Меҳмон Бахтист.

Охирҳои умраш Иттифоқи нависандагон ва кулли ёрону ошноён ба ҷашни 80-солагиаш омодагӣ мегирифтанд. Мо ҳама муштоқона дар интизори маҳфили эҷодии ӯ будем. Ҳар гоҳи рӯ ба рӯ омадан мепурсидемаш, ки ҷашн кай барпо мегардад. Зеро медонистем, ки он яке аз хотирмонтарину дилнишинтарин чорабиниҳо хоҳад буд. Вале устод табассумкунон онро бо сабабҳое мисли «тобистон ояд, ҳаво гармтар шавад», ё «тирамоҳ ояд, меваҳо пазанд» ба таъхир меандохт. Чанд бор изҳор намуда буд, ки куллиёташро ба чоп омода кардан дорад. Шояд мехост баъди интишори куллиёт маҳфил орояд, ин бароямон номаълум аст. Аммо ҳазор афсӯс, тақдир ноадолативу бераҳмӣ раво дид ва марги беамон муҷиб шуд, ки оқибат ӯ аз мо як маҳфил қарздор монд.

Салими ЗАРАФШОНФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *