Салими Зарафшонфар: Ман аз нафақа метарсам…

Шоир, носир, журналист ва тарҷумони шинохта Салими Зарафшонфар 60-сола шуд. Ба ин муносибат бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

— Устоди азиз, вақте аз қуллаи 60-и умр ба қафо менигаред, чиро мебинед? Чӣ кори муҳимро анҷом додед ва чӣ коре ҳаст, ки анҷом надодеду афсўс мехўред?

— Шастсолагии каминаро аз лиҳози замонӣ қулла номидан мумкин аст. Валекин аз лиҳози эҷодӣ қулла нест. Ба он маъно, ки худ, мутаассифона, дастоварду дастовези арзандае барои солҷашни худ надорам. Чун вопас менигарам, табиист, ки нахуст кўдакиву наврасӣ дар сояи марҳамату макрамати волидайн пеши рў ҷилвагар мешавад. Он чӣ, ки баъдан шоистаи ёдоварист, ҳамнишиниҳо бо шахсиятҳои худвижае аз радаи Муъмин Ќаноат, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Масов, Зафар Нозим, Акбар Турсун, Убайдулло Раҷаб, Худойназар Асозода, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Абдулмаҷиди Бохтарӣ, Зафар Мирзоён, Ќиёмиддин Чақалов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Ҷўрабек Мурод, Ҷўрабек Назрӣ, Рўдакии Самадӣ мебошанд. Аз ин деринадўстон Акбар Турсун ва Абдулмаҷиди Бохтарӣ барҳаётанд, ки барояшон барҳаётии бардавом хоҳонам.

“Кори муҳиме кардаам” гуфтани камина газоф хоҳад буд, кори андакак ба манфиати илму адабиёту миллат сомондодаам аз  тарҷумаи романҳои «Гора»-и Робиндронат Такур, «Шодравон Маттиа Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, «Гурги даштӣ»-и Ҳерман Ҳессе, «Дўсти дилнавоз»-и Ги де Мопассан, «Саҳифаи муҳаббат»-и Эмил Золя, «Гэтсбии муаззам»-и Френсис Скот Фитсҷералд, повестҳои «Мариамна»-и Пер Фабиан Лагерквист, «Дастпонаи ақиқнигин»-и Александр Куприн, инчунин таҳияи китоби дуҷилдаи «Ориёнома» бо ҳамдастии Ҳасани Ёрзод ба муносибати Бузургдошти тамаддуни ориёиён иборат аст.

Агар аз афсўс хўрдан пурсед, сабабаш беҳисоб аст. Оноре де Балзак ба панҷоҳу як даромада, фавтид, аммо кори сад нависандаро баҷо овард, яъне қариб сад ҷилд асар эҷод кард, ки бештаринашон шоҳасаранд. Шандор Петёфи, Михаил Лермонтов барин шоирон ба сӣ нарасида, номашонро дар адабиёту фарҳанги умумибашарӣ ҷовидон гардондаанд. Чунинҳоро қуллапаймуда ба шумор биоварем, дуруст аст, ману ҳамтоёни ман, мувофиқи нигоштаи Мавлоно, «ҳанўз андар хами як кўчаем».

— Шумо бо нависандаи бузург Баҳманёр аз як авлод ҳастед. Оё муҳити хонаводагӣ ба адиб шудани дуятон таъсир гузоштааст?

— Авлоди мо авлоди оддист, падару модаронамон деҳқонони оддӣ буданд. Лекин дар замони шуравӣ мактаби миёна барои донишомўзиву маърифатафрўзӣ басе мусодат менамуд. Чун фаровониву осудаҳолӣ ҳукм меронд, мактаббачагони шуравӣ бештар фикру хаёли болову воло мепарвариданд, кайҳоннавард, муҳандис, ҳунарпеша, шоир, олим шудан мехостанд. Парастиши хирад, илм, китоб, адабиёт ба авҷ расида буд. Яъне на муҳити хосаи хонаводагӣ, балки муҳити умумии ҷомеа ва шавқу рағбати инфиродӣ дар адабиётдўстиву адабиётгустарии хуҷастаёд Баҳманёр ва каминаи камтарин нақшгузор аст. Имрўз арзишҳо дигаргунатаранд, бештари наврасон мекўшанд ба кору амале даст зананд, ки тавассути он зиндагонии ояндаашонро таъмин кардан битавонанд. Озмунҳои гуногун, ки дар замони мо барпо мешаванд, тамоиле мебошанд баҳри ангехтани меҳри донишу китобу меҳан дар дили хурду калон.

Тавре медонам, шумо ҳуруфи арабиасосро балад нестед, аммо ман дар шеъратон норасоии вазнро намебинам. Ҳол он ки мегўянд, шоири аз алифбои ниёгон ноогоҳ арӯзро фаро гирифта наметавонад…

— “Арӯзбохабарии андакаки бандаро китобхонии афзун таъмин кардааст» гўем, хато намешавад. Яъне тарзи навишту садодиҳии вожаву ибораҳо дар натиҷаи мутолиаи пайваста дар зеҳнам нишастааст. Валекин арӯз илми мушкилест, ки ҳатто бештари тоҷикшоирони донандаи алифбои ниёгон дар он ба иштибоҳот роҳ медиҳанд. Аз ин сабаб ҳам донистани ҳуруфи арабиасос ва ҳам омўзишу андўзиши дониш тавассути китоб, ба гумонам, мувофиқи мақсад аст.

— Шумо сарояндаи дорои тарзи хоси худ ва муаллифи албоми сурудҳо бо номи «Тоза ба тоза, нав ба нав» низ ҳастед. Чаро ин ҳунарро давом надодед?

— Шеъру суруд ба ҳам сахт пайванд мебошанд. Камина дар мактаби миёна узви дастаи ҳаваскорони санъат будам. Ҳангоми дар нашриёти «Деваштич» ифои вазифа кардан имкон даст доду муддате ба овозхонӣ машғул гаштам. Омезиши оҳангпардозии классикӣ бо эстрадӣ сабки хонишамро ташкил медод. Бинобар ин, мухлисонам бештар суханварону донишварон буданд. Аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Худойназар Асозода, Ҳокими Азиз, Муҳаммадзамони Солеҳ ва чандини дигарро баршумурдан метавон.  Устод Гулназар, ҳар вақт ки дучор меомадем, каф ба каф кўфта, сароиши яке аз таронаҳоямро оғоз менамуд:

Мутриби хушнаво, бигў тоза ба тоза, нав ба нав,

Бодаи дилкушо биҷў тоза ба тоза, нав ба нав…

Баъзан суруди мазкурро дар назар дошта, шўхиомез изҳор мекард: «Ман гимни Тоҷикистонро навиштаам, ту гимни шахсии маро месаройӣ».

Пас аз ҳамчун овозхон каме маъруфият ёфтанам раиси ҳамонвақтаи Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ боре камина, устод Сорбон, шоираи шинохта Баҳринисо ва чанд нафар хомабадасти дигарро, ки чунин ҳунар доштанд, дар ҳуҷраи кориаш ҷамъ овард. Ў мехост дар ҳайати Иттифоқ дастаи созиву овозие созмон диҳад. Мутаассифона, бо сабабҳои молӣ ин орзуи равоншод амалӣ нагашт. 

Барои он ки сароянда машҳур гардаду дар ҷомеа мақом пайдо намояд, бояд тавассути телевизиону радио зиёд садояш пахш карда шавад, ё ў дар тўйҳо ширкат ҷўяд. Банда тўйгардиро ба худ ҷоиз намедонистам. Барои дар саҳнаи телевизон роҳ ёфтан ба чанд шабака муроҷиат намудам. Ҳар бор, ки мехостам сурудеро аз камина интишор диҳанд, шабакае сад доллар, шабакае дусад доллар тақозо мекард. Ҷуз ин, барои сабт дар студия, ороиши мусиқӣ, таҳияи клип ва ҳоказо маблағи калон сарф мегардад. Сарпарасте наёфтам, ки баҳри пешравӣ имдод расонад. Бармалост, ки дар даврони сармоядорӣ иқдоме бидуни сармоя муваффақият намеёбад. Натиҷа ин шуд, ки оҳиста-оҳиста аз майдони ҳунар берун гардидам. Алқисса, банда андаруни худ сарояндаеро гўронидаам.

— Ман шуморо ҳам ба сифати инсони оддӣ ва ҳам ба сифати инсони эҷодӣ далеру ҷасоратманд шинохтаам. Барои ин фақат як қатор матолиби дар самти нақди адабӣ бетамаонаву беғаразона навиштаатон гувоҳанд, ки қариб ҳар яки онҳо шўре меангехтанд. Агар рости гапро гўем, умуман аз чизе тарс доред?

— Ҳар одамро барои тарсидан шайъе ҳасту ваҷҳе. Камина аз нафақа, дурусттараш, аз нафақаи оянда тарс дорам. (Табассум мекунад). Агар ба он син расидан насиб шуда бошад, билфарз, панҷсад ё шашсад сомонӣ бармегуморандам. Бо фарогирии барқпулӣ, обпулӣ, роҳпулӣ, хўрокпулӣ, либоспулӣ ва ҳоказо, чунин маблағ ба таъмини рўзгори як нафар шаҳрванди Тоҷикистон кам андар кам аст. Ин ҷо банда маҷмуан ҳамагонро дар назар дорам. Масалан, ба соҳибхоназанҳо тақрибан яксаду панҷоҳ сомонӣ нафақа муайян гаштааст. Ҳол он ки, тибқи ҳисоби донишварон, меҳнати якрўзаи соҳибхоназанҳо дар суботу сомони хона аз меҳнати якрўзаи ангиштканон дар шахта нерўталабтару машаққатноктар будааст. Бинобар ин, аз нигоҳи банда, агар дар масъалаи нафақа минбаъд бознигарӣ бикунанд, амри савоб мешуд. Ин амал метавонад барои кўшиши ҳукумати мо ҷиҳати болобурди мақому манзалати занон дар ҷомеа далелу бурҳони тоза бигардад.

— Зимнан, чаро солҳои охир мақолаҳои интиқодии дандоншикан наменависед? Оё аз ин амал зараре дидед?

— Он замон чун мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносии ҳафтаномаи «Адабиё ва санъат» будам, яке аз ҷанбаҳои вазифаи мазкурро нигориши матолиби таҳлиливу танқидӣ ташкил медод. Дар ҷомеаи мо танқиди адабиро чандон хуш намепазиранд. Аз ин рў на ҳар сухансанҷу суханшинос ба саррофии сухан мепардозад. Ғайр аз ин, нақди адабӣ хирвор-хирвор заҳмат дораду хўшавор ҳаққуззаҳма. Дар ин робита, гуфтан месазад, ки нигаришу нигориши холисона ҳоло мувоҷеҳи костан аст. Мисол гирем, дар мавриди мақолаҳои умумӣ доир ба адабиёти имрўзин дастае гоҳи сари миз нишастан пеши назар меоранд, ки дўстону ёрони адабияшон киҳоянд, сониян пеши назар меоранд, ки мартабадорону амалдорону унвондорони адабиёт киҳоянд, солисан пеши назар меоранд, ки аз кадом адибон ё адибтарошон нафъу нўшу наволае мерасад. Мазкуронро меситоянду меситоянд. Осори боқимондаҳоро мувофиқи руҳияи ҳамонлаҳзаинаашон, хоҳанд, тавсифу таъриф мекунанд, хоҳанд, танқиду таҳриф мекунанд. Дастаи дувум ҳамаро таърифборон менамоянд, ки мабодо ягон қаламфарсо аз онон дилмонда шавад. Лоақал ду-се норасоии асареро ишора намекунанд, то муаллиф ба ислоҳаш саъй варзад. Бидуни нақди холисона адабиёт ба ривоҷу равнақи воқеӣ ноил намегардад. Нақди ҳақиқӣ адабиёти ҳақиқиро тавлид месозад. Мо алҳол Белинскию Добролюбов надорем.

Зарари нақднависӣ ин аст, ки бархе аз қаламбадастони мавриди баррасӣ душманатон мешаванд. Пас аз силсилаи матолибе, ки ном бурдед, рафиқе ба камина ғазабнок гуфт: «Некномтарин шоири Тоҷикистон будӣ, бадномтарин шоири Тоҷикистон шудӣ!». Валекин тўли солиён баъди радду бадали афкор дар матбуот дўстии банда бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Давлати Раҳмониён, Мубашшири Акбарзод барин аҳли калом идома дорад.

Мўҷиби ин айём ба нақднигорӣ шуғл наварзиданам умдатан он аст, ки вазифаам дар ҳафтанома тағйир хўрда, ҳамчунин зиёд серкораму зиёд камфурсат.

— «Се шоҳкор» дар тарҷумаи шумо, ки се романи бузурги се адиби бузурги ҷаҳон —  Луиҷи Пиранделло, Френсис Скотт Фитсҷералд, Ҳерман Ҳессеро шомил аст, пуровоза шуд. Магар ин шаҳодати он нест, ки адабиёти асил ҳанўз ҳам хонанда дорад?

— «Се шоҳкор» дусаду чил нусха мунташир гашт. Бист адади онро молики мағозаи «Китобкада» Азизи Нақиб тӯли як моҳ фурўхт. Тақрибан панҷтояшро худ нигоҳ медорам. Дигар ҳама нусхаро ба кулли хоҳишмандон аз доираи илму адабу фарҳангу дабистону донишгоҳ ройгон додам. Банда одати аз касе пурсидан надорам, ки оё китоби назми маро ё насри маро ё тарҷумаи маро мутолиа кардааст. Агар нафаре дархост намуда, китобеамро бигираду ҳамон лаҳза ба сафҳагардонӣ дарояд, илтимос мекунам, ки ин корро дар хонааш, бидуни ҳузури ман, анҷом диҳад, чунки зимнан нороҳату хиҷил мешавам. Бад-ин ваҷҳ касеро пурсон нашудаам, вале аз «Се шоҳкор»-ро армуғонгирифтаҳо нахуст устод Иброҳим Усмон занг зада, гуфт, ки дар як ҳафта хондааст. Баъди муддате ҷавоншоири хубамон Толиби Луқмон таассуроташро баён кард. Ҳангоми рўнамоии китоб дар толори Иттифоқи нависандагон аз музокираҳо маълум гардид, ки адибони шинохта Кароматулло Мирзоев, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Абдуғаффори Абдуҷаббор мутолиа намудаанд. Дар вохўрие ҳофизи овозадор Саидқул Билол арз дошт, ки хонда, зиёд баҳравар гаштааст. Баргузоргари рўнамоии онзамонаи китоб худ то ҳол онро варақ назадааст. Агар бад-ин тарз натиҷагирӣ бинамоем, хонанда ҳатто дар байни зиёиён камшумор аст, ҳоҷати аз ғайризиёиён сухан гуфтан намемонад. Таманно мекунем, ки ширкатварзони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» на ба хотири маблағандўзӣ, балки ба хотири маърифатандўзӣ китоб хонанд. 

— Гурўҳе аз равшанфикронамон ходимони давлатию фарҳангиеро мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода наҳ мезананд. Шумо дар ин хусус чӣ андеша доред?

— Таълифгари «Шоҳнома»-и безавол Фирдавсии беамсол мегўяд: «Фаридуни фаррух фаришта набуд». Моно ба ин, бузургмардони номбурда аз лиҳози табииву биологӣ инсонҳои хокӣ буданд. Валекин онҳо ҷиҳати побарҷоиву рушду нумўи миллат, ҳар қадар тавонистанд, ҳиммат гумориданд. Наваду нуҳ фоизи нафароне, ки бар мазкурон меситезанду метозанд, худ ба андозаи як вергул баҳри халқу меҳан хидмат накардаанд. Пайомади чунин афкори манқуртона буд, ки қариб манзилгоҳи Айниро мебарандохтанд. Мо дар пойтахт ҳамагӣ ду хона-музейи кирои дидан дорем: аз устодон Айниву Турсунзода. Агар ҳамонҳоро ҳам нест гардонем, чӣ сон метавонем аз тоҷикияти худ бифахрем? Дар омади сухан, агар осорхонаҳои мазкур, ҳамчунин бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарвати миллии тааррузнопазир эълон карда шаванд, бар суди миллату давлат, бар суди ояндаву абадият хоҳад буд.

Кунун бипурсем, ки магар Лоиқи маҳбуби ҳар хонадони тоҷик аз накуҳандагону сангандозони он бузургворон камҳамияттару каммаърифаттар буд? Бубинед, чӣ нигоштааст ў:

Ҳам ба азму ҳам ба разму ҳам ба назм

Пайрави Айниву Турсунзодаем!

Рафтору гуфтори нигилистҳои муосир алхоса ба насли ҷавони мо зараровару хатаровар аст. Чунки онҳоро ба ҷодаи ҳақношиносиву нохештаншиносӣ равона месозанд. Дар ҳоле, ки мо бояд пасиниёнамонро дар руҳияи арҷгузориву эҳтиромгузорӣ ба забони модарӣ, ватан, миллат, арбобони ҷонфидои худ тарбия намоем, то барояшон намунаи ибрате вуҷуд дошта бошад ва онҳо ватанпарвариву миллатпарвариву инсонпарварии пешиниёнро идома бахшанд. Бояд мо тавассути чунин тарбия, тавассути ҷалб кардан ба китобу илму дониш, тавасути афзоёндани ҳисси хештаншиносӣ миллати моддиётгароро тадриҷан ба миллати маънавиётгаро табдил диҳем.

— Воқеан, шумо яке аз шогирдони шоистаи шоири бузург Лоиқ ҳастед, ки ба нахустмаҷмуаатон пешгуфтор ҳам навиштааст. Кадом хислатҳои шодравонро барои эҷодкорони ҷавони муосир омўзанда меҳисобед?

— Лоиқ дар ҳақиқат суханпардози камназир буд, вале аз он такаббуру тафохур намеварзид. Бениҳоят донишманд буд, вале аз китобхонии ҳамешагӣ намеосуд. Ба ҷавоншоирони имрўзин аз сермутолиагиву хоксории бузургустоди зиндаёд сабақ гирифтанро тавсия кардан аз манфиат холӣ нест.

— Устод Аскар Ҳаким дар бораи шумо бисёр зебо гуфтааст:

Гар Зарафшон-ст як Зарафшон зар,

Ин Салим аст як Зарафшон фар.

Орзу мекунем, ки фарри шумо фурўзон ва дарёи илҳоматон доим дар ҷўш бошад!

Суҳбаторо: Одили НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *