Дар шумораи №10-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома дар мавриди он ки футболбози машҳури дунё –Криштиан Роналду Абдурозиқро ба фарзандӣ қабул кардааст, пурсон шудааст.

Овозаи дигар оид ба паҳн шудани хабари марги ҳунарманди турк Орҳан Бийикли, иҷрокунандаи нақши Йигит аз филми “Ҳомиён” ва ҳақиқати он пешкаши мухлисони филмҳои туркӣ гаштааст.

“Раҳми мор” қисса аз рӯзгори оилаест, ки баъд аз нобуд сохтани морбачаҳои ҳавлияшон мавриди қассоси ин хазандагони хатарнок қарор мегиранд.

“Ғуруби ситора” — чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки инъикоскунандаи ҳаёти пурҷӯшу хурӯши сарояндагони дар авҷи шуҳрат қарордошта мебошад.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Зуком барои кӯдак чӣ хатар дорад?” сабабҳои пайдоиши зукоми атфол ва роҳҳои табобати он пешкаши модарон мегардад.

Таҳти рубрикаи “Чеҳра” бо унвони “Фидоии санъат” мавод оид ба кору фаъолияти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзагул Қурбонова, актрисаи воқеан маҳбуби тоҷик дарҷ гардидааст.

Зери рубрикаи “Сарнавишт” қиссаи навбатии “Чаро Манижа хонаи хушдоманро оташ зад?” дарҷ гардидааст. Дар он аз рӯзгори ҷавонмарди нохалафе қисса карда мешавад, ки дар як шаби тақдирсоз феълу рафтори худро тағйир медиҳад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *