Мусобиқаи футболи бонувони чор кишвар дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи духтарони то 18-сола баргузор мешавад.

Мусобиқа аз 11 то 15-уми март баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби духтарони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқа дар шакли системаи даврӣ дар як марҳила мегузарад ва дастае, ки шумораи аз ҳама бештари имтиёзҳоро соҳиб мешавад, ғолиби мусобиқа дониста мешавад.

Дар маҷмуъ, шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузаранд.

Дастаи духтарони Тоҷикистон (U-18) дар ин мусобиқа бо роҳбарии сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов бозӣ мекунад.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум, 11-уми март

Ӯзбекистон — Эрон, Тоҷикистон — Қирғизистон.

Даври 2-юм, 13-уми март

Қирғизистон — Ӯзбекистон, Эрон — Тоҷикистон.

Даври 3-юм, 15-уми март

Эрон — Қирғизистон, Тоҷикистон — Ӯзбекистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *