Дар шумораи №20-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Қадами Қурбон дар дами марг аст?” муроҷиат кардааст. Овозаи дигар таҳти унвони “Абдулло Шарипов боз фарзандашро аз даст дод?” аз ҷониби мухлисони ин ҳунарманд ирсол гардидааст.

Қиссаи “Домоди якшаба” сарнавишти ҷавонзанест, ки шавҳарашро ҳамагӣ як рӯз дар таги чодар дидаасту ҳатто чӣ гуна будани симои ӯро дар ёд надорад.

Дар саҳифаи 4 саволу ҷавобҳои динӣ дарҷ гардидааст. Хонандагони ҳафтанома бо саволҳои “Ҳар шаб ҷимоъ кардан равост? Дар торикӣ намоз хондан мумкин аст? Бенамозро чӣ тавр ҳидоя кунам?” ва боз чандин саволҳое, ки ҳамарӯза хонандагон ба онҳо посух меҷӯянд, муроҷиат кардаанд.

Дар қиссаи “Хиёнати маҷозӣ” як фоҷиаи олиавӣ инъикос ёфтааст, ки бо кӯтоҳандешии зани хонадон як оила вайрон ва фарзандон дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон мемонанд.

“Хонаамро сӯхтӣ, оча!” сарнавишти занест, ки бо як хатои кӯчаки модар ва бародаронаш оилавайрон мешавад.

“Чиптаи театр дар Туркия 70 доллар аст” маводест дар бораи нақши намоишномаҳои театрӣ дар тарбияи солеҳи фарзандон ва сабабҳои холӣ будани толорҳои театри тоҷик аз нигоҳи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбони Собир.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Плеврит чӣ гуна беморист?” шумо метавонед ба саволҳои бешумори худ оид ба сабабҳои об гирифтани шуш ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои муфид пайдо намоед.

 “Ҷигарамро пора кардӣ, падар”. Чунин унвон дорад меҳрномаи як келин ба падарарӯсаш, ки дар вақташ бе падар ба воя расида, баъди ба шавҳар баромадан аз падарарӯси худ меҳру муҳаббати падаронаро дида, армонҳои кӯдакиро мешиканад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *