Хадамоти гумруки Тоҷикистон: Содирот афзуд!

— Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29% афзуда, ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод,- бармеояд аз маълумоти омории Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба маблағи 660,3 млн доллар сурат гирифтааст, ки 11% зиёдтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 мебошад.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан фулузот (металл) ва сангҳои қимматбаҳо ($272,8 млн), маъдан ($159,5 млн), пахта ($94 млн) ва алюминий ($46,7 млн) фурӯхта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *