Дар шумораи №26-27-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Аз даҳони хушдоманам заҳр мерезад!”, “Арвоҳи шавҳарам рашк мекунад?”, “Марди зандор фиребам кард” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Хоб дидани малоикаҳо чӣ таъбир дорад?” ва “Моҳидорӣ дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Тифл дар халоҷо”. Чунин унвон дорад қиссаи аз халоҷо пайдо шудани тифл ва найрангбозиҳои арӯсаки чормоҳа. Қиссаи мазкур воқеӣ буда, мутаассифона, чунин ҳодисаҳои нангин, ки боиси надомату нафрати мардум мегарданд, дар ҷомеаи мо хеле зиёд вомехӯранд.

Таҳти рубрикаи “Адвокати “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома адвокат Иноят Иноятов посух медиҳад. Дар шумораи навбатӣ ба суоли “Аз чанд фоизи музди меҳнат алимент пардохт мекунанд?” ва “Агар падар насабашро ба фарзанд надиҳад, чӣ бояд кард?” аз ҷониби адвокат посух гуфта шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур ҷадвали тақвими намоз барои моҳи июл дарҷ гардидааст.

“Арӯсдузд”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки таҷассумгари ишқи поки ду ҷавон аст. Қаҳрамони қисса барои ба васли дӯстдоштаи худ расидан арӯсро аз хонаи домод медуздаду аз рӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз ҷудоии Шаҳлову Баҳодур то нашри “Senora”-и Ҳасан Мадудов” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Вақте кӯдакро офтоб мезанад, модар бояд чӣ кор кунад?” маводи тиббӣ дарҷ гардидааст, ки дар он оид ба омилҳои офтоб задани кӯдак, нишонаҳои он, ёрӣ расонидан ба кӯдаки офтобзада, пешгирӣ кардани офтобзанӣ роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои муфид дарҷ гардидааст.

“55 сол аст, ки мошин меронам”,- мегӯяд Гавҳар Тоҷибоева, ҳунарманди Театри Камол Хуҷандӣ, зани рӯзгордида ва аввалин бонуи ронандаи мошини сабукрав. Мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтанома атрофи зиндагӣ ва муваффақиятҳои ин бонуи ҳунар дар соҳаи театру кино анҷом дода шудааст.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” аз фаъолияти касбӣ ва зиндагии имрӯзаи овозхон ва блогери тоҷик Абдурозиқ Эгамов маводеро таҳти унвони “Роналдо мухлиси ман будааст” мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *