Ба истифода додани хати оби полезӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, бо нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шудааст.

Президенти кишвар зимни боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Нур” ва суҳбати самимӣ бо деҳқонону масъулони соҳа таъкид намудааст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар маҷмуъ бо кашидани оби полезӣ дар ин мавзеъ аввалин маротиба дар майдони 8 гектар замин тухмии 3 навъи картошкаи маҳаллӣ кишт карда шудааст, ки мувофиқи хулосаи олимони соҳаи кишоварзӣ имрӯз нашъунамои он хуб мебошад. Ҳосилнокии ин намуди картошка ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар аз 280 то 390 сентнер мебошад.

Имсол хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, ки аз ҳисоби заминҳои картошка зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулот ҳосил ба даст оранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *