Дар шумораи №29-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Умеда Парсаева ба назди Абдурозиқ рафт?” оид ба фаъолият ва вохӯрии ду блогери тоҷик, ки айни замон берун аз Ватан қарор доранд, пурсон шудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Бо кафгир сарамро кафонд” номаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки шавҳар ба сараш мушт мебардорад. Боз дар ҳамин гӯша номаи марди муҳоҷире дарҷ гардидааст, ки занеро дӯст медорад, вале як бор аз ӯ бевафоӣ дида, дигар боварашро гум кардааст.

Қиссаи “Ҳамсинфам занамро гирифт” дардномаи мардест, ки барои зану оилаи худ тамоми шароитро муҳайё карда, барояшон чизеро дареғ намедорад, вале ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанаш занаш бо ҳамсинфаш унс мегирад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Гунаҳкори бегуноҳ” қиссаи ҷавони ошиқе дарҷ гардидааст, ки маҳбубааш аз ӯ ранҷидааст ва мехоҳад тавассути ҳафтанома бегуноҳ будани худро дар назди дӯстдоштааш собит намояд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз пайдошавии ШОН МС то маоши муҳоҷирон дар Британияи Кабир”-ро мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди турк Алӣ Атай, ҳунарманди ҳинд Алия Бхат ва писари Митхун Чакраборти маълумот дода мешавад.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Дар тобистон сулфа шудани кӯдакон чӣ хатар дорад?” оид ба оқибатҳои норасоии ин витамин маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Таҳти рубрикаи “Асрори зебоӣ” инфографика оид ба намудҳои пӯст ва фарқияти он пешниҳод гардидааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *