Хонандагон Тоҷикистонро дар Олмон ва Фаронса муаррифӣ мекунанд

Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Тоҷикистонро дар олимпиадаи фанни математика ISTEM — 2022 дар кишвари Олмон ва форуми «Математикони ҷавони ҷаҳон» дар кишвари Фаронса муаррифӣ менамоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ: математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шудаанд.

Тибқи иттилои Сурайёхон Неъматзода — директори муассисаи давлатии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд, ин 6 нафар хонандагони литсей Мамадҷонов Меҳроҷ, Маъсумова Фарина, Хасанов Сафархон, Саидахматзода Салимбек, Аҳророва Ясминахон ва Негматуллоев Акмалҷон, ки ҳамагӣ хонандаи синфи 9 мебошанд, дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал — июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ғолиб омада, ба даври финалии ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат ба даст оварданд.

Дар даври финалии олимпиадаи ҷахонии ISTEM -2022 аз фанни математика ва технологияи иттилоотӣ наздики 8 ҳазор хонанда аз 93 кишвари дунё иштирок хоҳанд намуд.

Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24-уми июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ санаи 25-27-уми июл дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Парижи кишвари Фаронса баргузор мегардад, ширкат хоҳанд намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *