Дар шумораи №32-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Абдурозиқ бо Салмон нақш мебозад? ” дар мавриди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани хабаре, ки гӯё ҳунарманди тоҷик дар филми Болливуд нақш мебозад, савол ирсол намудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Аз шавҳари занбозам ҷудо шавам?”, “Зани хусурам хонаамонро соҳиб шуд!” ва “Апаам ҷодугар нест, вале…” номаҳои кӯтоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Хушдоманам набераамро кушт” аз нақли марде рӯи коғаз омадааст, ки занашро дӯст дошта, оиладор мешавад, вале аз дахолат ва бадкориҳои хушдоманаш ҷонбезор шуда, оилавайрон мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Шавҳари пинҳонӣ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки дар синни баркамолӣ бо ҷавонмарди аз худаш хурд оиладор шуда, зиндагии хушу хурсандона дорад, вале барои аз даст додани бахташ сахт метарсад.

“Аз зани ғар ғар бирӯяд”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ ва сарнавишти як зане, ки бо сабаби бефарзандӣ фарзандони дигаронро ба воя мерасонад, вале дар дами пирӣ наметавонад модар будани худро эҳсос намояд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз хурсандии як оилаи дастнигар то рақсидани дилбари C.ONE ва AD AKA Dilovar”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кӯтоҳу ҷолиб оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони ҳинд ва турк дарҷ гардидааст.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Нишонаҳои бемориҳои гурда дар кӯдакон ва наврасон?” оид ба бемории мазкур ва оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *