Дастаҳои даври чорякниҳоӣ маълум шуданд

Дар мусобиқоти Париматч — Ҷоми Тоҷикистон-2022 бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ баргузор шуда, дар пайи он дастаҳои ширкаткунандаи чорякфинал муайян шуданд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ «Равшан»-и Кўлоб бар «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 3:1 пирўз шуд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз КМВА-и Душанбе бо натиҷаи 0:1 ноком гардид. Дастаи «Кўктош» (Рўдакӣ) бар «Хуҷанд» (Хуҷанд) бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 6:0 «Моҳир»-и Ёвонро аз идомаи мубориза маҳрум кард. Дастаи «Эсхата» (Хуҷанд) «Ҳосилот» (Фархор)-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 1:0 «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро шикаст дод. «Хатлон»-и Бохтар ба дарвозаи «Истаравшан»-и Истаравшан 2 голи беҷавоб зад.

Дар даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон «Истиқлол» бо «Равшан» (Кўлоб), «Эсхата» бо КМВА, «Саройкамар» бо «Хатлон» ва ғолиби ҷуфти «Динамо»-«Файзканд» бо «Кўктош» бозӣ мекунанд.

Бозиҳои чорякниҳоӣ рўзҳои 27 ва 28-уми август баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *