Дар шумораи №34-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Занамро дӯст намедорам, чӣ кор кунам?”, “Келинро ба ҳолаш гузоред, хушдоманҳо!”, “Шавҳаратонро ошиқи худ созед!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Кабӯтар дар хоб”, “Гиря кардан дар тӯй чӣ таъбир дорад?” ва “Бозор дар хоб чист?” ба суолҳои хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар қиссае, ки дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома дарҷ гардидааст, рашки зане таҷассум шудааст, ки ҳатто баъд аз марги шавҳар зани дуюм доштани ӯро бахшида наметавонад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” посухи намояндагони дин ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ оварда шудааст.

“Дурӯғҳои “шохдор”-и ошиқ” дарди дили бонуест, ки ба марди аз худаш 15 сол хурд ошиқ мешавад, аниқтараш аз рӯи соддагиву зудбоварӣ ба қавлу қасамҳои мард бовар мекунад. Баъдан маълум мешавад, ки ин мард фиребгар будааст ва дар анҷоми қисса муаллифи он барои ислоҳи вазъияти ба сараш омада аз хонандагони ҳафтанома маслиҳат мепурсад.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Чӣ хел аз писарам алимент гирам?”, “Келинам ба гирифтани хона ҳақ дорад?”, “Аризаи маро ба назар мегиранд?” ва “Аҳднома бастани ҳамсарон чӣ манфиат дорад?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти талхи келине рӯи коғаз оварда шудааст, ки аз ҷабри пайвандони шавҳар ба ҷон омадаву билохира бо амри хусуру хушдоман шавҳараш талоқи ӯро медиҳад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз бозхонии Соро то хислатҳои бади Фараҳноз” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии ду ҳунарманди шинохта, ки яке сарояндаи хушсадо Саидаи Сироҷиддин аст ва дигаре раққосаи хушхиром Хайриниссо Ватанова, суҳбати ҷолибу хотирмонро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *