Дар шумораи №38-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хонаамро ба номи ошиқам кунам?”, “Шавҳарам бангӣ бошад, ман гунаҳкор?”, “Ба ҳамсоя қарз дода, аҳмақ шудам” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Нуқра дар хоб”, “Хоҳарро хоб дидан чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.

Қиссаи “Бахт аз мотамхона” сарнавишти пурдарди зани азиятдидаест, ки аз модар ятим монда, дар зиндагӣ азобу ситамҳои зиёдеро аз сар мегузаронад ва билохира марде пайдо мешаваду ӯро пуштибон гашта, зиндагии хушбахтона насибаш мегардад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Шоҳмот макруҳ аст?”, “Ҳамбистарӣ кай иҷозат нест?”, “Ҳукми тарошидани мӯйи сари зан”, “Ҳашаротро дафн кунем?”, “Оро додани мошини арӯсӣ бо гулҳо равост?” ва дигар саволҳо посухҳоро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Вайрон кардани интизоми меҳнат ҷавобгарӣ дорад?”, “Обрӯямро мерезонад, ба куҷо муроҷиат кунам?”, “Оила вазифаҳои ҳуқуқӣ дорад?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз гиряҳои талхи модари тоҷик то “Ҷилвагар”-и Суруш Холов” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди маъруфи театр ва синамо, саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Хуршед Мустафоев оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодӣ мутолиа карда метавонед.

Зери рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Табобати мигрен бо гулу гиёҳҳои табиӣ” ва “Решаи тиллоӣ” хотираро мустаҳкам месозад?” посухҳо пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *